Аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, навиштааст, ки дар ин рӯзҳо дар пойтахт баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ ва ташрифи меҳмонон аз хориҷи кишвар дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар ин робита ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд мегарданд.
“Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд. Ҳамзамон, аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд”, - омадааст дар хабари ин Раёсат.
Вақти маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рӯйхати мушаххаси кӯчаву хиёбонҳо зикр нашудааст.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати мазкур хабар доданд, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотӣ маҳдуд мешавад, лекин вақти дақиқи он маълум нест.
Нишасти ИДМ, вохӯрии "Осиёи Марказӣ - Русия" ва сафари Путин
Ёдрас мекунем, ки 10-уми октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ доир мегардад. Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст, дар Душанбе вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ - Русия” низ баргузор мешавад.

Пеш аз нишаст рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав таҳти раёсати Русия доир гардид. Аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардид.





Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Таджикистан нарастил импорт древесины. Крупнейший поставщик — Россия
Эмомали Рахмон: «Мир и доверие — ключ к решению глобальных угроз и развитию»
Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста