Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, тайи се рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтааст, аз 6 то 9 апрел дар робита ба боришот ва баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои куҳӣ ва дараҳои кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезӣ мавҷуд аст.

«Ғайр аз ин, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ки метавонад ба обхезии манотиқи наздисоҳилӣ оварда расонад, низ аз эҳтимол дур нест», - қайд кардааст номбурда.

Гуфта мешавад, дар робита, кумита аз аҳолии кишвар ва меҳмонон хоҳиш кардааст, дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва сафар ба манотиқи хавфнок худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин ба маълуомти шаҳрвандон расонида шудааст, ки дар вақти ҳолатҳои фавқулодда ё дигар нохушиҳо шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зер муроҷиат намоянд:

-навбатдори масъули Кумита-221-91-19, 223-13-11;

-навбатдори масъули Ситоди шаҳри Душанбе - 225-44-62, 225-44-76;

-навбатдори масъули Ситоди ВМКБ – (3522) 24057, 22744;

-навбатдори масъули Ситоди вилояти Суғд- (3422) 51555, 57995;

-навбатдори масъули Ситоди вилояти Хатлон – (3222) 23505, 27827;

- навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Кӯлоб – (3322) 21656, 21657;

-навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Рашт –(3131) 22374;

- навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Ҳисор – (3139) 26074.