Мақомоти қудратии Ӯзбекистон рӯзи 23 апрел Олим Оқилови 44-сола, бародари Раҳмат Оқилов - гумонбари ҳамлаи Стокголмро дар шаҳри Самарқанд боздошт карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лар ин бора пайвандони Оқиловҳо хабар дода, изҳор доштаанд, ки эҳтимол вай бо бародараш ҳамдаст аст.

“Олим рӯзҳои охир азоби руҳиро таҳаммул мекард, - нақл кардаанд пайвандони Оқиловҳо. - Вай ният дошт барои иштирок дар додгоҳи бародараш ба Шветсия равад”.

Гуфта мешавад, Раҳмат Оқилови 39-сола 7 апрел дар маркази Стокҳглм бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла карда, дар натиҷа чаҳор кас кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъди чанд соати ҳодиса Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуда, дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор кард.

Тавре нашрияи Expressen​ менависад, Раҳмат Оқилов дар бозпурсӣ гуфтааст, ки дастури ҳамларо аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дарёфт кардааст. Мақомоти Шветсия низ дар рӯзи боздошти Оқилови дувум, дар Стокголм дар пайи амалиёти вижа як гумонбари дигари ҳамлаи теракти 7 апрелро боздошт карданд.