Рӯзи 3 сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба амал омад. Сабаби муноқиша оғози сохтмони ғайриқонунии бозор дар яке аз қитъаҳои баҳсӣ унвон мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Исфара хабар дод, шаҳрвандони Қирғизистон кӯшиш кардаанд, ки дар яке аз қитъаҳои баҳсноки сарҳад дар мавзеи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба сохтмони бозор шурӯъ намоянд.

“Аз ин кори шаҳрвандони кишвари ҳамсоя сокинони деҳаҳои наздимарзии Исфара норозигӣ изҳор намуда, ба оғози сохтмон монеъа шуданд. Дахолати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрдории Исфара ба хушӣ анҷом ёфтани муноқиша мусоидат кард”, - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, наздикиҳои шом пас аз ба корашон хотима бахшидани шаҳрвандони Қирғизистон мардуми ҷамъшуда ба хонаҳояшон пароканда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита навиштааст, ки муноқиша байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Урта-Бӯзи ноҳияи Ботканди Қирғизистон рух додааст.

“Муноқиша аз он сабаб сар зад, ки сокинони деҳаи кишвари ҳамсоя худсарона ва бидуни мувофиқа, нодида гирифтани санади баимзорасидаи Комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад, бо дастгирии сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсус ба қаламрави маъмурии деҳаи Тоҷикистон ворид шуданд, ки ба норозигии сокинони маҳаллӣ боис шуд”, - навиштааст номбурда.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки раҳбарият ва шахсони масъули маъмурияти шаҳр, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба эътидол овардани вазъ чораҷӯӣ намуданд. Айни замон вазъ дар макони муноқиша амну ором аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, навори видео аз макони ҳодиса нашр шуд.

“Мо дар қаламрави худ хостем, ки роҳро асфалтпӯш кунем, лекин сокинони деҳаи Қирғизистон норозигӣ изҳор намуда, дар натиҷа аз ҳарду ҷониб мардуми зиёде ҷамъ шуд. Сарҳадбонони қирғиз ба ҳаво тир холӣ карданд, маълум набуд, ки ин барои тарсонидани мост ё шаҳрвандони худ”, - мегӯяд муаллифи навори видео.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.