Имрӯз вохӯрии намояндагони сарҳадбонон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини аввали Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳикматулло Пираков ва муовини аввали сардори Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон Абдукарим Алимбоев баргузор мешавад.

Ҳалокшудагон аз ҷониби Тоҷикистон:

Коменданти сарҳадии ҷамоати Овчӣ-Қалъача подполковник Убайдуллоев Рустам Амонуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор;

Сарбози қаторӣ Исломов Рамазон Аҳмадович, соли таваллуд 28.12.1998, сокини деҳаи Кирови ҷамоати Чоргултеппа (ноҳияи Вахш);

Сарбози қаторӣ Суванов Ғиёсиддин Наҷмиддинович, соли таваллуд 20.02.2000, сокини деҳаи Тӯйчиеви ҷамоати Зарбдор (шаҳри Турсунзода).

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод.

Дирӯз мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон низомиёни Қирғизистонро ба оташ кушодан сӯйи шаҳрвандони бесилоҳ айбдор кард.

“Ҷониби қирғиз хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузорӣ дар минтақаҳои баҳснокро мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ маҷруҳ шуданд”, - хабар дод шоми 17-уми сентябр маркази матбуоти Сарраёсати  Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Зикр шуд, ки муноқиша дар қаламрави майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо сабаби сохтмони иншооти номаълум аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон сар задааст.

“Ин амали  муғризонаи  сарҳадбонони Қирғизистон нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ арзёбӣ мешавад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад”, - изҳор доштааст маркази матбуот.

Дар бораи осебдидагон дар байни аҳолии осоиштаи Тоҷикистон алҳол маълумот дастрас нест.

“Аввал Тоҷикистон аз силоҳ истифода кард”

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон Тоҷикистонро ба тирпарронӣ ба постгоҳҳои назоратиаш айбдор мекунад.

“Аввал Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда, ба сӯйи постгоҳи “Максат”, сипас постгоҳи муваққатии “Сой” дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд тирпарронӣ кард. Сабаби сар задани муноқиша оғози сохтмон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар қитъаи номуайяни сарҳади давлатӣ аст. Дар ҷавоб як қирғиз низ ба бунёди панҷара дар қаламрави хонаи худ воқеъ дар ин мавзеъ оғоз кард”, - хабар медиҳад 24.kg бо истинод ба Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон.

ВАО-и Қирғизистон дар бораи 13 захмӣ ва 1 нафар ҳалокшуда ҳангоми тирпарронӣ хабар медиҳанд. Ҳалокшуда прапоршики 41-солаи гурӯҳи махсуси таъиноти махсуси “Бору” Равшан Муминов аст.

“Дар ҷараёни тирпарронӣ 13 нафар - 7 хизматчии ҳарбӣ ва 6 шаҳрванди осоиштаи Қирғизистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористони Исфана қарор доранд. Ҳолати 2 нафари онҳо вазнин аст. Боқимонда 11 нафар бо ҳавопаймои боркаши низомии Ситоди кулли Қувваҳои Муслаҳҳи Қирғизистон ба муассисаҳои тиббии Бишкек интиқол дода мешаванд”, - хабар медиҳад 24.kg.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, шоми дирӯз байни раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон полковник Уларбек Шаршеев ва муовини аввали фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ суҳбати телефонӣ баргузор шуд. Дар ин бора Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

“Тибқи ин маълумот, ҷонибҳо муноқиша дар сарҳадро бо истифода аз силоҳ баррасӣ карданд. Дар натиҷаи гуфтушунид соати 21:30 дақиқа (20:30 дақиқа бо вақти Тоҷикистон) тирпарронӣ қатъ шуд”, - иттилоъ медиҳад 24.kg.

Қаблан вазирони корҳои хориҷии кишварҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

“Гуфтушунидҳо дар робита ба муноқиша дар мавзеи постгоҳи сарҳадии “Максат” дар мавзеи ба истилоҳ”Майдони футбол” (Футбольное поле) доир гардиданд. Чингиз Айдарбеков қобили қабул набудани истифодаи силоҳи оташфишонро аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон нисбати хизматчиёни ҳарбии постгоҳҳои “Максат” ва “Сой”, ҳамчунин сокинони деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд таъкид кард”, - илова мекунад 24.kg.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.