Имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ду автомашина ва 50 дастгоҳи алоқаи радиоӣ тақдим шуд.
Автомашинаҳо ва таҷҳизоти алоқа дар доираи ҳамкории Дафтари кории Барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бахши огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР “Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои табиӣ” дода шуд.
Дар ин маросим раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ва роҳбари Дафтари кории САҲА Валериу Кивер ҳузур доштанд.

Раиси Кумита ҳамкории дуҷонибаи пурсамар бо САҲА-ро қайд карда, барои дастгоҳи алоқаи техникӣ (ратсия) изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки техникаи мазкур бешубҳа ба наҷоти ҳаёти бисёр одамон ва сабук кардани кори наҷотбахшон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода кумак хоҳад кард.

“Кумаки расида натанҳо техникаи зарурист, балк пеш аз ҳама, ин дастгирии назаррас бари беҳбуди кор дар бахши кумак ба аҳолӣ аст”, - гуфт Назарзода.

Дар навбати худ Кивер таъкид дошт, ки САҲА минбаъд низ бо Кумита дар самти огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста