Дар мавзеъи марзии Пахтаободи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА ва СММ Идораи равобити марзии муштарак алайҳи қочоқ дар роҳи оҳан ташкил шудааст. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иитилои манбаъ, ин Идораи робитаҳои марзӣ барои мубодилаи иттилоот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ва гумруки ҳар ду тарафи марз, бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ, мусоидат мекунад.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, бунёди ин идора 18-уми май ба итмом расид, ки он бо пуштибонии Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ рӯйи кор омад.
Дар ин ниҳоди нав Нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохила, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Дадамоти гумрук, муштаракан кор хоҳанд кард.
Сита Фаррелл, мудири Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА гуфтааст, ки пуштибонии ИМА аз амнияти марзии Тоҷикистон идома меёбад ва таъкид кардааст, ки “мо талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ ҳимоят хоҳем кард”.
ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2012 таъсиси ду идораи равобити марзиро сармоягузорӣ кардааст, ки ҳамакнун ин нахустин нуқтаи сархадии роҳи оҳан дар Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешаванд ин идора нахустин нуқтаи муштараки равобити марзӣ дар Осиёи Марказӣ низ мебошад.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз соли 2002 инҷониб, ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, барои пуштибонии бахши амният, беш аз 300 миллион доллар кумак намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Президент Казахстана подписал закон о запрете вейпов
Что нужно молодежной сборной Таджикистана для выхода из группы?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: «Вечная дружба», долгожданная вода и ответный визовый режим
В Душанбе сегодня открыли две новые гостиницы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2024 года
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста