Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъ дар марз бо Афғонистонро таҳти назорат дошта, ба ҷалби неруҳои иловагӣ ба он ҷо зарурат нест.
Тавре ТАСС хабар медиҳад, пас аз иҷлосияи ғайринавбтии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Станислав Зас таъкид доштааст, ки нисбати таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, Созмон то ҳадди имкон ҷиддӣ муносибат мекунад ва аз ин рӯ, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бодиққат пайгирӣ дорад.
“Имрӯз марзбонон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вазъро дар сарҳад бо Афғонистон дилпурона ва ҳамаҷониба зери назорат дошта, ҷалби неруҳои иловагӣ айни замон ба ин ҷо талаб намешавад, - иброз доштааст Зас. - Ба муҷаҳҳазсозии сарҳадбонони Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак кардан лозим аст. Ва чунин тадбирҳо, аз ҷумла дар сатҳи дуҷониба роҳандозӣ мешаванд”.
Зас таъкид кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъият дар сарҳад, Созмон чораҳои амалии дастаҷамъиро таҳия карда истодааст.
Моҳҳои наздик дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон як силсила машқҳои низомии бузургмиқёси Неруҳои дастаҷамъии СААД, аз ҷумла «Поиск-2021», «Эшелон-2021», «Взаимодействие-2021» ва «Кобальт-2021» баргузор мешаванд, ки аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.
Станислав Зас илова намудааст, ки агар зарурат пеш ояд, СААД масъалаи ба минтақа фиристодани неруҳои иловагиро баррасӣ хоҳад кард.
“Мо аз тамоми имконот бархӯрдорем, то ки амнияти ҳар як кишвари аъзои Созмонро таъмин кунем”, - таъкид доштааст дабири кулли Созмон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Как правильно ограничивать детей от гаджетов?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Суруди сол-2025», балет «Коппелия» и Cybersecurity Forum-2026
Таджикистан нарастил импорт автомобилей из Грузии на 568%
Работа в Катаре: таджикистанцев приглашают на собеседование в дресс-коде
Срок регистрации пенсионеров Таджикистана через систему Face ID продлен?
Как художник из Ашта возвращает сказки, рисуя на камнях
Город с живой историей. Шеки — древнейший самобытный город Азербайджана
В Рудаки задержана женщина, пытавшаяся продать своего 8-месячного ребёнка
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном вырос почти в три раза в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста