Додситони кулли Русия Игор Краснов аз иштироки шаҳрвандони бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷанг бо Украина изҳори нигаронӣ кард.
Рӯзи 26 июл зимни мулоқот бо додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Душанбе ӯ ҷалби сарбозони кироя ва паҳнкунии аслиҳа дар Украинаро “як таҳдиди фавқулодда” барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номидааст, хабар медиҳад ТАСС.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ИДМ давлатҳои Русия, Белорус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова шомиланд.
“Дар вазъияти кунунии вобаста ба ҳодисаҳо дар Украина, ин таҳдидҳо афзоиш меёбанд. Имрӯз кишварҳои мо дар пешорӯи таҳдидҳои наву фавқулодда хатарнок қарор доранд, мисли ширкати шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси сарбозони кироя, паҳншавии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир”, - овардааст гуфтаҳои Красновро Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ.
Ӯ таъкид доштааст, ки барои аз байн бурдани ин таҳдидҳо” кишварҳои ИДМ ва сохторҳои ҳифзи қонун бояд шеваи ҳамкориро мутобиқ ба талаботи замон “манфиатнок” гардонанд.
Қобили зикр аст, ки дар Душанбе Игор Краснов ва Юсуф Раҳмон Барномаи ҳамкорӣ байни мақомотро то соли 2024 ба имзо расониданд, ки аз тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткорӣ ва таҳдидҳое чун терроризм ва ифротгароӣ иборат аст.
Гуфта мешавад, маълум нест манзури Краснов чӣ аст ва ҳам посухи ҷониби Тоҷикистон ба ин сӯҳбатҳо чӣ будааст, чун ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои додситонҳо дар матбуоти расмии ду кишвар то ҳол нашр нашудааст.
“Мақомоти Тоҷикистон аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина рӯзи 24 феврал ҳеҷ гоҳ ба таври ошкоро мавқеи худро дар ин бора баён накардаанд”, - хабар медиҳад Centralasian.org.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 апреля 2025 года
Таджикистану помогут с внедрением стандартов исламского банкинга
«Это твои дочери, не мои». Как живут таджикские многодетные семьи, в которых родились только девочки
Ситора Рахими признана лучшим HR-директором телекоммуникационной отрасли Таджикистана
Дональд Трамп: «Крым останется с Россией. И Зеленский понимает это»
ОАЭ предупредили Ташкент о возможной отмене безвиза – из-за преступлений с участием граждан РУз
КЧС Таджикистана предупредил о возможных селях: жителей просят соблюдать осторожность
В Подмосковье при взрыве автомобиля погиб генерал Минобороны РФ
Пострадавшим от землетрясения в Раште и Таджикабаде направили стройматериалы
Судебная власть в Таджикистане нуждается в реформе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста