Дирӯз, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласаи навбатии оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”, - гуфт мешавда дар иттилоия.
Ин ниҳшод гуфт, ки Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.
Дар бораи ҷузъияёти нишаст хабар дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад.
Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он, аз ҷониби Тоҷикистон 41 тан ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Худжанде построят новую резиденцию президента Таджикистана
В Душанбе искали способы сохранения ареала снежного барса
Милиция Душанбе предостерегла водителей от сокрытия автомобильных номеров
В Горном Бадахшане будут построены новая подстанция и передающая сеть
«Я жалею матерей заблудших молодых». Муфтий Таджикистана отвечает на религиозные вопросы онлайн
Иран прервал авиасообщение с Европой
В Таджикистане усилят охрану тутовника
Россия вдвое сократила количество разрешений на проживание иностранцев на 2025 год
Таджикистан нарастил поставки агропродукции в Россию на 30%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 октября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста