Гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон 24,01 километри дигари сарҳади давлатӣ байни ду кишварро мувофиқа кардаанд.
АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии делимитатсия ва демаркасияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, кори тавсифи минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд.
Сомонаи расмии Девони вазирони Қирғизистон ҳам дар бораи мулоқот ва имзои протокол хабар додааст.
Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар моҳҳои октябр ва ноябр ҷонибҳо аз тасдиқи тақрибан 75 километр марзи давлатии ду ҷониб хабар доданд.
Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар рӯзҳои 3-7 октябр дар Бодканд ҷонибҳо дар бораи 43,32 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар ҷаласа рӯзҳои 12-18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боз 13,98 км сарҳади давлатӣ муайян шуд.
Илова бар ин, дар ин давра се ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ таҳти раёсати раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қимчибек Ташиев баргузор шуд.

Аввалин мулоқоти онҳо рӯзи 2-юми октябр сурат гирифт, ки дар натиҷа Протоколи №44 ба имзо расид. Тарафҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди сарҳад ба созишҳои усулӣ даст ёфтаанд ва ин санад барои ҳалли тамоми масоили марзӣ замина фароҳам меорад.
Мулоқоти дуюм рӯзи 16-уми октябр баргузор гардид, ки дар он зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни навоҳии наздимарзӣ, инчунин идомаи фаъолонаи ҳамкориҳо миёни навоҳии наздимарзии ду кишвар махсусан қайд карда шуд.
Дар нишасти ахири рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон Ятимов ва Ташиев изҳор доштанд, ки дар мавриди манотиқи стратегии делимитатсия ва демаркасияи марзи давлатӣ ба тасмимҳои бунёдӣ расидаанд. Аз ҷумла, изҳор доштанд, ки масъалаи роҳи Ворух ва қитъаи Торт-кочо (аз он ҷо роҳи Бодканд-Исфана мегузарад) миёни Тоҷикистону Қирғизистон амалан ҳал шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки “Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад”,
Ҷузъиёти мулоқот ва тавофуқоти ҳосилшударо дар матлаби “Истифодаи роҳи “Ворух - Хоҷаи Аъло” ва истгоҳи “Головное”. Тоҷикистону Қирғизистон чӣ тавофуқ карданд?” хонда метавонед.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Таджикистану помогут с внедрением стандартов исламского банкинга
«Это твои дочери, не мои». Как живут таджикские многодетные семьи, в которых родились только девочки
Ситора Рахими признана лучшим HR-директором телекоммуникационной отрасли Таджикистана
Дональд Трамп: «Крым останется с Россией. И Зеленский понимает это»
ОАЭ предупредили Ташкент о возможной отмене безвиза – из-за преступлений с участием граждан РУз
КЧС Таджикистана предупредил о возможных селях: жителей просят соблюдать осторожность
В Подмосковье при взрыве автомобиля погиб генерал Минобороны РФ
Пострадавшим от землетрясения в Раште и Таджикабаде направили стройматериалы
Судебная власть в Таджикистане нуждается в реформе
ИИ уничтожает человечество в 2030 году: один из сценариев будущего искусственного интеллекта
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста