Солҳои наздик Тоҷикистон ба туфайли ҷорисозии технологияҳои муосири моҳвораӣ барои пайгирӣ (мониторинг)-и хушксолиҳо, метавонд ҳамасола 4-6 млн доллар фоида ба даст орад.

Рӯзи 20 август дар Тошканд оғози лоиҳаи бузургмиқёси минтақавӣ оид ба монитаринги хушксолиҳо бо истифода аз технологияҳои ҷудосозии минтақавиии Заминро эълон карданд. Ташаббус бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором амалӣ гардида, маблағи он дар марҳилаи аввал 300 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Дар давоми ду соли наздик низом дар Ӯзбекистон мавриди санҷиш қарор гирифта, соли 2027 барои Қирғизистон ва Тоҷикистон мутобиқ гардонида мешавад.

Тибқи арзёбии коршиносон, пас аз роҳандозӣ ин низом ба Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти аз 4 то 6 млн доллар фоидаи ҳамасола аз ҳисоби коҳиши талафоти ҳосил, идоракунии бештар пурсамари захираҳои обӣ ва вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ имкон фароҳам меорад.

Тоҷикистон: 22% ММД зери таҳдид бар асари иқлим

Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бештар осебпазири ҷаҳон ба тағйири иқлим шуморида мешавад. Тайи се даҳсолаи ахир ҳарорат ба ҳисоби миёна дар ин ҷо ба андозаи 1,2 °C боло рафтааст, ки аз нишондиҳанда дар ҷаҳон (0,85 °C) зиёдтар мебошад.

Ҳамзамон миқдори боришот 15-20% коҳиш ёфта, хушксолиҳо тез-тез такрор мешаванд ва ҳарчи бештар қаламравҳои зиёдро фаро мегиранд.

Ин мушкил барои Тоҷикистон бахусус шадид аст: ҳудуди 22%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар аз ҳисоби бахши кишоварзӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 15%-и аҳолӣ - тақрибан 1,5 млн нафар дар минтақаҳои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд.

Вазъиятро релйефи кӯҳӣ ва маҳдудияти захираҳои обӣ душвортар месозанд. Бар асари ин ҳатто тағйироти начандон назарраси иқлим метавонанд ба оқибатҳои ҷиддӣ барои иқтисод ва одамон оварда расонанд.

Мониторинги маъмулӣ наҷот намедиҳад

Пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар Тоҷикистон ба сабти комили тағйироти дохилии намнокии хок ё ҳолати растаниҳо имкон намедиҳанд.

Дар шароити ноҳияҳои кӯҳӣ, ки обуҳаво аз водӣ то водӣ тағйир ёфта, гуногун аст, пайгирӣ (мониторинг)-и маъмулӣ ба таъмини дақиқӣ ва суръати зарурӣ қодир нест.

Пойгоҳи обуҳавосанҷии худкор (автоматӣ)
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Ба ҷойи ин низоми нав аз маълумоти моҳвораҳои авупоии Sentinel-2 ва амрикоии Landsat-8 истифода мебарад, ки ба пайгирии шохис (индекс)-и нашъунамо (NDVI) - ҳолати кишт, сабти ҳарорати болои замин ва муайян кардани намнокии хок имкон медиҳад.

Дақиқии пешгӯиҳо ба сатҳи 80-85% расида, навсозии маълумот дар фосилаи ҳар 5-10 рӯз сурат мегирад.

Барои деҳқонон ва идораҳои кишоварзӣ ин маънои пешакӣ омода шудан ба хушксолӣ, тарҳрезии обёрӣ, интихоби зироат, харҷи бештар пурсамари сарфакоронаи обро дорад.

Соли 2024 дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи бунёди низоми монаиторинги иқлим оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал методология таҳия шуда, маълумот ҷамъоварӣ шуд. Аллакай дар соли 2025 дар Қарақалпоқистон ва водии Фарғона татабиқи лоиҳаҳои санҷишӣ оғоз гардид, ки бояд самаранокии равишу тарз дар таҷрибаро нишон диҳанд.

Марҳилаи минбаъда ҷорисозии низом дар саросари қаламрави Ӯзбекистон дар соли 2026 хоҳад шуд. Соли 2027 бошад, пайвастшавии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ташаббус аз таълиму омодагӣ гузаштани ҳудуди 150 мутахассис дар назар буда, ҳамгироии маълумоти моҳвораӣ ба хадамоти миллии обуҳавошиносӣ роҳандозӣ мешавад, ки ҷиҳати ба таври назаррас баланд бардоштани дақиқии пешгӯиҳо ва устувории минтақа ба хафвҳои иқлимӣ имкон медиҳад.      

Сарфаи миллионҳо ва кам кардани муҳоҷират

Ҷорисозии низоми мониторинги иқлим метавонад барои Тоҷикистон самараи ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ орад.

Тибқи пешгӯии коршиносон, он ба коҳиши ҳамасолаи талафоти ҳосил ба андозаи 10-15% имкон дода, фоидаи иқтисодӣ ба маблағи 4-6 млн долларро таъмин мекунад. Ин мустақиман ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва коҳиши шиддати иҷтимоӣ дар деҳот, ки қисмати зиёди аҳолӣ ба заминдорӣ машғул аст, мусоидат менамояд.

Ба ҷуз фоидаи иқтисодӣ, лоиҳа метавонад омили боздорандаи муҳоҷират гардад, ки бар асари норасоии об ва аз даст додани сарчашмаи даромад ба вуҷуд омадааст.

Ҳамгироии низомҳои миллии мониторинг бо платформаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Copernicus, қисмати муҳими барнома буда, ба беҳбуди сифати пешгӯиҳо ва фаврияти вокуниш шароити хуб фароҳам меорад.

Пойгоҳи обуҳавосанҷӣ дар Варзоб
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ

Оқмибатҳои экологӣ ва иҷтимоии хушксолиҳо дар Осиёи Марказӣ аллакай эҳсосшавандаанд:

- дар Ӯзбекистон 4,2 млн нафар (12%-и аҳолӣ) дар минтақаи хавф иқомат доранд

- дар Қирғизистон - 1,1 млн нафар (16%)

- дар Тоҷикистон - 1,5 млн нафар (15%).

Танҳо дар Ӯзбекистон давоми солҳои 2018-2023 камшавии таъминот бо об ба муҳоҷирати 120 ҳазор нафар боис гардид.

Ҷорисозии низоми мониторинг ба сабуксозии оқибатҳо қодир буда, тақсимоти бештар одилонаи захираҳои обӣ ва кумаки башардӯстонаро таъмин мекунад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ - асос барои Осиёи Марказӣ

Дар бунёди мониторинги иқлим дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи муваффақонаи ҷаҳонӣ истифода мешавад. Чунин технологияҳо аллакай дар дигар кишварҳо самаранокии худро собит сохтанд.

Ба ин тариқ, дар Австралия низоми DroughtWatch ба коҳиши талафоти ҳосил дар бахши кишоварзӣ ба миқдори 12% имкон дода, дар Ҳиндустон ба туфайли низоми INSAT-3D дақиқии пешгӯиҳо то 78% боло рафт.

Ин таҷрибаҳо барои таҳияи платформаи минтақавӣ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расидагии саривақтӣ ба хавфҳои иқлимӣ ва то ҳадди камтарин поин овардани оқибатҳои хушксолӣ кумак мекунад, асос мешаванд.  

Теппаву пуштаҳои беоби Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

Интернет, кадрҳо ва молия – монеъаҳо дар роҳ

Сарфи назар аз нақшаҳои ояндадор, барои ҷорисозии низоми мониторинги иқлимӣ дар Тоҷикистон, як қатор мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар ноҳияҳои деҳоти кишвар сатҳи пӯшиш бо интернет ҳамагӣ ҳудуди 55%-и қаламравро фаро мегирад, ки табодули фаврии маълумотро душвор месозад.

Ғайр аз ин, норасоии мутахассисоне, ки аз малакаи кор бо маълумоти фосилавии минтақабандии Замин бархӯрдоранд, эҳсос мешавад.

Илова бар ин, арзиши баланди хидматрасонӣ ба низом, ки тақрибан 50 ҳазор доллар дар як сол арзёбӣ мешавад, монеъаи иловагӣ шуморида мешавад.

Иқдомҳои оянда

Аммо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ва шарикони он ният доранд, ки кишварро дастгирӣ намуда, таълиму омӯзиши мутахассисонро ба роҳ монанд ва ҳамгироиро дар платформаҳои ҷаҳонии Copernicus и UN-SPIDER таъмин созанд. Ин ба истифодаи зазхираҳои байнулмилалӣ ва коҳиши сарбории молиявӣ ба буҷети миллӣ имкон медиҳад.

Пас аз мутобиқати муваффақона дар Тоҷикистон, густариши лоиҳа ба Қазоқиистону Туркманистон низ ба нақша гирифта шудааст. Дар оянда ҳамгироии алгоритмҳои ҳуши маснӯӣ пешбинӣ шудааст, ки дақиқии пешгӯиҳоро то 90% баланд мебарад.

Таъсиси низоми ягонаи минтақавии идоракунии захираҳои обӣ, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирад ва ба устувории онҳо пеши таҳдидҳои иқлим таҳким бахшад, марҳилаи хотимавии лоиҳа хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.