Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба баргардонидани ноболиғони бепарастор, шаҳрвандони Тоҷикистони дар Русия қарордошта ба ватани доимиашон идома медиҳад.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сафорат боз чор нафар ноболиғонеро, ки дар хонаҳои кӯдакони ин кишвар зиндагӣ мекарданд, ба Тоҷикистон раҳсипор кард.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Дилнураи 1-сола, Семёни 6-моҳа ва Артёми 7-моҳа, ки бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашидаанд, ба ватан фиристода шуданд.

«Ҳамчунин Амрияи 2-сола, ки айни замон модараш дар маҳбаси шаҳри Можайски вилояти Маскав адои ҷазо мекунад, ба Тоҷикистон фиристода шуд», - зикр мегардад дар иттилои сафорат.

Дар маросими ба ватан фиристодани кӯдакони ноболиғ ба ватан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев изҳор кард, ки «Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад ва ҳарчанд падару модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашида бошанд ҳам, онҳо шаҳрвандони кишвари моянд ва набояд дар як муҳити бегонаи ғайритоҷикӣ ба воя расанд».

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта 4 тифли ноболиғи дигар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз ноҳияҳои тобеи шаҳри Маскав ҷамъ гардида, ба Ватан баргардонида шуда буданд.

Тибқи маълумоти гуногун, феълан дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Акс аз «Озодӣ»