Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои журналист нисбат ба собиқ корфармои худ – радиои «Озодӣ»-ро қонеъ накард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати даъвогар Файзинисо Воҳидова хабар дод, даъвои зерҳимояи ӯро бо кадом сабабҳо қонеъ накардани суд алҳол маълум нест, зеро судя танҳо қарорро қироат намуда, матни он ба дасти даъвогар дар муддати панҷ рӯз расонида мешавад.

«Гумон мекунам, ки асоси рад шудани даъво аз ҷониби ВКХ дароз накардани муҳлати аккредитатсия нест. Ҳамзамон бо ин қарор судя нисбати Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба санҷиши фаъолияти радиои «Озодӣ» дар қаламрави Тоҷикистон таъинот содир намуд», - иброз дошт Воҳидова.

Ба қавли ӯ, судя ба дар давоми мурофиа ошкор шудани қонуншиканиҳо дар фаъолияти радио ва риоя накардани қонунгузории ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, яъне бо ин санад аз ҷониби радиои «Озодӣ» риоя нашудани қонунгузории кишварро эътироф намудааст.

«Бо назардошти ин қарор, мо аз Хисайнов дархост кардем, ки ҳангоми сабукдӯш кардани Қаюмзод низ радио қонунгузории миллиро нодида гирифта, хоҳиш кардем, ки даъво қонеъ гардонида шавад, аммо судя рад кард», - изҳор кард адвокат.

Ӯ ба чунин назар аст, ки ҳамин тариқ як қарори судя ба дигараш мухолиф буда, ҳангоми содир кардани қарор аз тарафе ба судя фишор оварданро аз эҳтимол дур намедонад. «Истифодаи меъёрҳои дугона аз ҷониби судя худ гувоҳи он аст, ки дар қабули қарор ӯ мустақил нест», - гуфт адвокат.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз болои ин қарор ҳатман ба зинаи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.

Дар дафтари кории тоҷикистонии радиои «Озодӣ» аз шарҳи қарори суд, аз ҷумла таъинот нисбати ВКХ худдорӣ варзида, изҳор намуданд, ки танҳо пас аз дастрас шудани қарор ва шинос шудан ба он, ибрози андеша хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми апрел адвокат Файзинисо Воҳидова нисбат ба радиои «Озодӣ» дар мавриди ба ҷойи кори пештара барқарор намудани А.Қаюмзод  ва рӯёнидани маблағи музди меҳнаташ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод кард.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрели соли ҷорӣ ҷомеаи журналистии кишвар ба хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» то замони тариқи суд ҳаллу фасл шудани масъалаи дар ҷойи кори пештарааш барқарор кардани хабарнигори ин радио Абдуқаюми Қаюмзод таҳрим эълон кард . Зери изҳороти эълони таҳрим ба радиои «Озодӣ» Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд.

Аввали моҳи июн Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мурофиаи судии журналист Абдуқаюми Қаюмзод ва роҳбарияти бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» гуфт: « Вазорат ӯҳдадор нест , ки сабаби надодани аккредитатсия ба Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад, вале ба хотири эҳтироми суд, бояд гуфт, ки журналистро бинобар вайрон кардани тартиби аккредитатсия сабти ном накардааст».