Нимсолаи аввали соли равон беш аз 36, 2 ҳазор ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон барҳам ё ихтисор карда шуданд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра зиёда аз 12,4 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, беш аз 10,4 ҳазор - ҷойҳои кории муваққатӣ ва ҳудуди 8 ҳазор - ҷойҳои кори мавсимӣ ихтисор карда шудаанд.
Дар бахши кишоварзӣ - беш аз 12,8 ҳазор ва дар саноати коркард, сохтмон, миёнаравии молиявӣ ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ низ ҷойҳои корӣ барҳам ё ихтисор карда шудаанд.
Нимсолаи аввали соли ҷорӣ барҳам дода шудани зиёда аз 5,3 ҳазор ҷойҳои кории аз ҷониби шахсони хусусӣ таъсисдодашуда ба қайд гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият бинобар сабаби бекорӣ ё музди меҳнати паст, шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар рӯ оварда, асосан Русияро макони муҳоҷират интихоб мекунанд.
Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, айни замон ҳудуди 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 77,4 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз ин миқдор зиёда аз 44 ҳазор ҷойҳои кориро шахсони хусусӣ таъсис додаанд.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста