Фестивали даҳуми байнулмилалии ҳунармандиву косибии «Диёри ҳусн» охири моҳи ноябр (24-27 ноябр) дар маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегардад.

Дар ин фестивали пойтахти Тоҷикистон аз иштироки беш аз 40 нафар ҳунармандону косибон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ , аз ҷумла Ӯзбекистон интизорӣ меравад.

Фестивали даҳуми байнулмилалии ҳунармандиву косибии «Диёри ҳусн» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Душанбе, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Фонди байнулмилалии «Ҳафт пайкар» ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории фестивал машғулиятҳои омӯзиши ҳунар доир гардида, сарулибоси тарроҳони кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ғайр аз ин, дар муколамаҳо бо намояндагони ҳукумат ва дар чаҳорчӯби кори конфронси «Роҳу воситаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ» косибону ҳанармандон имкон пайдо мекунанд, ки аз мушкилоти ин соҳа ибрози назар намоянд.