Аз терминали нави мусофирбар нақлиёти ҷамъиятӣ ба Душанбе ва ҳамчунин минтақаи Рашт ба сафар мебарояд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони терминали мусофирбарии «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Ширкати мазкур асосан ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул аст.
Гуфта мешавад, маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту васоити техникӣ равона гардидааст.
Зикр мегардад, ки терминали нав дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯй ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосӣ 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои 35 нафар бо шароитҳои олӣ ва миёна мавҷуд аст.
Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардида, дар маҷмуъ бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ширкати «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ, шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.
Аз терминали мусофирбарии «Озод транс» тибқи нақша мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт ба сафар мебароянд, истифода мекунанд.
Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.






«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста