Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 21 декабри соли равон ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе дубора шурӯъ менамояд.

Тавре котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод,  парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат гирифта, соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе - 17:20  ва арзиши билет – 2092 сомонӣ муқарррар шудааст.

«Ширкат ба нақша гирифтааст, ки шумораи парвозҳоро зиёд намуда, дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд, - гфт сухангӯи ширкат. - Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад».

Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ҳавопаймоии кишвар ва инчунин ба нуқтаи фурӯши билетҳо дар ошёнаи якуми бинои «Тоҷик Эйр» муроҷиат намоянд.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.