Дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар Женева намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, намоишгоҳ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, дар корҳои ташкилу тадорукоти намоишгоҳ ҳамчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ саҳм гирифтааст.
Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ директори генералии СУМЗ, Фрэнсис Гарри, инчунин намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат ва роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба меҳмонон оид ба фарҳанги бойи Тоҷикистон маълумот дода шуда, инчунин маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид.
Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳ асарҳои академики Академияи рассомии ҶТ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Акмал Миршакар, рассомон, Ходимони шоистаи ҷумҳурӣ Анвар Сайфиддинов, Фаррух Хоҷаев, Мизроб Холов, Юсуфҷон Сангов, Беҳрӯз Забиров, Пайрав Гулова, Эраҷ Олимов, Каримҷон Наҷмиддинов, Мамадкарима Рақибов ва ҳамчунин офаридаҳои кандаккорӣ дар чӯби Абдутолиб Ҳайдаров ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Планета имени Бабаджанова. Памяти выдающегося таджикского астрофизика
На долю Таджикистана приходится около 1% транзитных перевозок в Центральной Азии – ЕАБР
Dushanbe Invest–2025: Таджикистан выходит на рынок «зелёных» облигаций
Таджикистану потребуется $1,4 млрд инвестиций для улучшения питания населения – Всемирный банк
ADB и Tcell подписали первое в Таджикистане корпоративное соглашение о финансировании в национальной валюте
Уровень прозрачности банковских услуг в Таджикистане значительно вырос – замглавы Нацбанка
Обучение в колледжах сократилось на год. Какие новые формы образования ввели в Таджикистане?
Какие фильмы покажут в Дни российского кино в Таджикистане?
Далер Джума: Таджикистан будет играть важную роль в энергоснабжении стран Центральной и Южной Азии
В Согдийской области задержан мужчина по подозрению в убийстве отца
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста