Дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал карда, дар ин самт ислоҳоти муҳим гузаронида шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад.
Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.
Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад, пас аз ворид шудан, 45 рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рӯз аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд.
Дар баробари ин, бо зиёда аз 80 давлати дунё низоми соддаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 11 давлат низоми бераводид амал мекунад.
Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ, тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.
Ин омилҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, ҷиҳати интихоб намудани Тоҷикистон барои сайру саёҳат мусоидат мекунанд. Низоми соддаи раводид ё раводиди электронӣ, ташриф наовардан ба муассисаҳои консулӣ, будубоши беқайд дар мақомоти дохилӣ имкон фароҳам меорад, ки сайёҳ диққати худро танҳо ба саёҳат сафарбар намояд.
Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ ворид шудааст.





Планета имени Бабаджанова. Памяти выдающегося таджикского астрофизика
На долю Таджикистана приходится около 1% транзитных перевозок в Центральной Азии – ЕАБР
Dushanbe Invest–2025: Таджикистан выходит на рынок «зелёных» облигаций
Таджикистану потребуется $1,4 млрд инвестиций для улучшения питания населения – Всемирный банк
ADB и Tcell подписали первое в Таджикистане корпоративное соглашение о финансировании в национальной валюте
Уровень прозрачности банковских услуг в Таджикистане значительно вырос – замглавы Нацбанка
Обучение в колледжах сократилось на год. Какие новые формы образования ввели в Таджикистане?
Какие фильмы покажут в Дни российского кино в Таджикистане?
Далер Джума: Таджикистан будет играть важную роль в энергоснабжении стран Центральной и Южной Азии
В Согдийской области задержан мужчина по подозрению в убийстве отца
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста