Намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони Made in Uzbekistan рӯзи 9 март дар маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз мекунад.
Давоми ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҳамчунин ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Намоишгоҳ ба ду қисмат ҷудо шуда, қисмати аввал дар майдони кушод ва қисмати дуюм дар майдони болопӯшидаи намоишгоҳ баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузури кишвари ҳамсоя ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳову гуфтушуниди доираҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар имзои қарордодҳои ҳамкорӣ миёни корхона ва ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, коркарди металлҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, маводи ғизойӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста