Барои бисёре аз кишварҳои олам новобаста аз сатҳи иқтисодию иҷтимоии онҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон, бемории сил яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Бемории сил дар қатори 10 омилҳои марговари аҳолии дунё ба шумор меравад.

Мувофиқи нишондоди омории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамасола дар дунё 9-10 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мегарданд, ки 500 ҳазори онро кӯдакон ташкил медиҳанд, зиёда аз 1,5 – 2 миллион нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сил бемории ҳамрадиф дониста мешавад, зеро дар аснои суст гардидани масунияти  бадан дар ашхоси мубталои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сар мезанад. Ба ақидаи коршиносони ТУТ, дар дунё дар соли сипаришуда наздики 480 000 нафар гирифтори бемориҳои ҳамрадиф, яъне сил/ВНМО буданд. Дар ин муддат 374 000 мубталоёни ВНМО аз бемории сил фавтиданд.

Нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 20 давлатҳои минтақаи Аврупоии ТУТ, ки дар он оқибатҳои гаронии бемории сил ба назар мерасанд, шомил мебошад. Мувофиқи омори расмӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон 6254 нафар маризони бемории сил ба қайд гирифта шуд.

Беҳтар шудани дастрасии хизматрасониҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил натиҷаи саъйю кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ мебошад, ки ҳамасола маблағгузории соҳаро зиёд намуда, баҳри тақвияти солимии аҳолии кишвари азизамон ва аз байн бурдани хавф ва оқибатҳои марговари бемории сил дар ҷомеа равона менамоянд.

Ба гуфти коршиносон, татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасон ва шарикони рушд боис шуд, ки имрӯз сил ҳамчун бемории табобатшаванда дар ҷомеа маҳсуб мешавад ва бо иқдоми Ҳукумати ҶТ ташхис ва табобати бемории сил ройгон мебошад. Дар ин росто мехостам саҳми арзандаи ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасон ва шарикони рушдро, аз он ҷумла ТУТ, Хазинаи глобалии мубориза бо БНМО, сил ва табларза, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон, лоиҳаи ХОУП, Барномаи умумиҷаҳонии озуқа, Бонки рушди Олмон, Каритас Люксембург, Федератсияи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ғайраро бояд қайд намоям.

Дастрасӣ ба барномаи DOTS аллакай ба вазъи эпидемологии марбут ба бемории сил дар ҷумҳурӣ таъсири мусбии худро гузошта истодааст. DOTS маънии табобати амбулатории таъҷилӣ ва назорати доимиро дорад. Барномаи DOTS дар Тоҷикистон бо тавсияи ТУТ ҳанӯз соли 2002 ҷорӣ гардида буд ва асоси Барномаи миллии мубориза бо бемории силро ташкил медиҳад.

Барномаи DOTS имкон медиҳад, ки бо истифода аз таҷҳизоти навини ташхисӣ намуди гуногуни бемории сил дар муддати кӯтоҳтарин ошкор карда шавад. Барномаи мавриди назар вазъи дастрасии мардум ба ташхис ва табобати бемории силро куллан тағйир дод, зеро тамоми раванди ташхис ва табобат тибқи ин барнома ройгон аст.

Лозим ба таъкид аст, ки муборизаи бобарор бо бемории сил иттиҳоди тамоми нерӯҳои ҷомеаро талаб менамояд. Ҳалли мушкилоти марбут ба бемории сил аз мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, аз дастгирии иҷтимоии гирифторони ин беморӣ, оила ва атрофиёни онҳо, аз кӯмак ба қишрҳои камбизоати ҷомеа, ки хатари гирифторшавӣ ба бемории сил ба онҳо таҳдид менамояд, вобастагии зиёд дорад.

Имрӯз бо дарки баланди масъулият ба самъи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд расонд, ки сил пеш аз ҳама бемории сироятии табобатшаванда мебошад ва роҳҳои гузариши онро дониста бошанд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сил бемории ирсӣ ё худ авлодӣ нест. Сабаби дар як оила гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар як ҳуҷра зистан ва бевосита бо шахси бемор дар тамос будан мебошад.

Бинобар ин ба аҳолӣ фаҳмонидан лозим аст, ки дар зиндагӣ мо набояд нисбати худ ва атрофиёнамон бепарво бошем. Мо бояд сари он андеша намоем, ки чӣ тавр худ, наздикон ва атрофиёнамонро аз гирифторӣ ба бемории сил ҳифз намоем ва ё агар нафаре аз пайвандон ё наздикон ба ин беморӣ гирифтор бошад, чӣ тавр ба ӯ кӯмак намоем. Пас, биёед ба баҳамгинони худ назар андӯзем, то ки онҳоро аз ин хатар ҳушдор намоем.  

Инро бояд ҳама донад!!!

Сил бемории сирояткунанда аст. Баъзан онро «бемории камбизоатон» меноманд. Вале бояд донист, ки мардум новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва тарзи зиндагиашон ба ин беморӣ гирифтор мегарданд.

Барангезандаи ин беморӣ микробҳои Кох мебошанд. Шахси гирифтори ин беморӣ, ки микробҳои Кохро дар муҳити беруна паҳн менамояд, сарчашмаи бемории мазкур мебошад ва боқӣ мемонад.

Чораҳои санитарию эпидемиологии марбут ба пешгирии бемории сил асосан дар оилаҳое гузаронида мешаванд, ки дар онҳо гирифтори бемории фаъоли сил ба сар мебарад, махсусан беморе, ки  организми ӯ микробҳои касалиовар ҷудо менамояд. Дар беморхона бистарӣ намудани чунин бемор ва то поёни давраи бактерияҷудокунӣ дар он ҷо нигоҳ доштани ӯ яке аз роҳҳои пурсамари пешгирии густариши бемории сил ба ҳисоб меравад.

Вале, мутаассифона, на ҳамаи беморони сил то ба охир табобат мегиранд. Дар қисме аз беморон беморӣ дар шакле сурат мегирад, ки организми онҳо доим ё давра ба давра барангезандаи бемориро ҷудо менамояд ва онҳо ба оила ё ба корхона баргашта, метавонанд чандин нафари дигарро ба ин беморӣ гирифтор намоянд.

Дар ин ҳолат маҷмӯи қоидаҳое мавҷуд аст, ки риояи қатъии онҳо пеши роҳи паҳншавии бемориро мегирад.

Бемор бояд ҷиҳози хоб, зарф ва дигар лавозимоти алоҳида дошта бошад ва онҳоро дар алоҳидагӣ бояд шуст, нигаҳдорӣ ва дезинфексия намуд. Хонаи беморро ҳар рӯз тоза намудан, ҳавояшро тоза сохтан, фарш ва бисоти онро бо латтаи дар маҳлули панҷфоизаи хлорамин таркардашуда пок сохтан зарур аст. Шахси гирифтори бемории сил ҳангоми дар масофаи наздик бо нафари дигар қарор доштан набояд сулфа кунад, атса занад ва дар рӯи ӯ сухан кунад ё нафас кашад.

Микробактерияҳо тавассути ҳаво ҳангоми атсазанӣ (то масофаи 3 м) ва муошират бо қатраҳои оби даҳон (то масофаи 1 метр) паҳншуда ба организми инсон ворид мешаванд. Бинобар ин ба дилхоҳ нафаре, ки бо тақозои вазифа ё бо дигар сабаб ҳамеша бо касони дигар дар муошират аст, хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ таҳдид менамояд.  Гузашта аз ин, бемории сил ба воситаи робита, ҳатто ба воситаи либосе, ки оби даҳони бемор ба он чакидааст, ҳамчунин ҳангоми истеъмоли маводи ғизоие, ки аз гӯшту шири ҳайвоноту паррандагони бемор тайёр шудааст гузашта метавонад. Зани ҳомилаи гирифтори бемории сил фарзанди солим ба дунё меорад, вале дар ҳолати табобат накардан, кӯдаки дар батни худ бударо метавонад ба ин беморӣ мубтало гардонад. Бояд дар хотир дошт, ки сагу гурба ҳам ба бемории сил гирифтор буда метавонанд.

Чӣ инсонро бояд беш аз ҳама ба ташвиш орад?

Пеш аз ҳама эҳсоси хастагии зиёд, камқувватӣ, беҳолӣ, арақкунии ғайриодатии зиёд дар рӯз ва махсусан шаб, набудани иштиҳо, харобшавӣ, эҳсоси дард дар қисмати белакҳо, сулфаи балғамдор, хунтуфкунӣ, баландшавии ҳарорати бадан, тапиши зиёди дил сабаби асосии муроҷиати фаврии шумо ба духтури силшинос буда метавонанд. Бемории сил метавонад бидуни нишонаҳои равшан зоҳиршаванда низ гузарад, ки онҳоро «ниқобҳо»-и бемории сил меноманд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва дар ҷумҳурӣ мубраму ҳалталаб боқӣ мондани мушкилоти марбут ба бемории сил мехостам вобаста ба тағйири вазъият чанд пешниҳод ироа намоям:

1. Аз ваксинагузаронӣ ба муқобили бемории сил (ваксинаи БСЖ), ки кӯдакон ва наврасонро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ медорад, пурсамар истифода карда шавад. Инчунин ваксинагузаронии такрорӣ дар синни 7 ва 14 солагӣ гузаронида шавад. Гирифторӣ ба бемории сил дар миёни нафароне, ки ваксина гирифтаанд, назар ба касоне, ки ваксина нагирифтаанд, аз 4 то 10 маротиба камтар аст.

2. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, техникумҳо, коллеҷҳо, макотиби олии таълимӣ ва тамоми корхонаву муассисаҳо ташхиси флюорографии узвҳои қафаси сина гузаронида шавад. Сили шуш намуди беш аз ҳама густаришёфтаи беморӣ мебошад (85-90%-и бемории сил ба ин намуди сил рост меояд). Мувофиқи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемории сил, ошкоршавии ин намуди беморӣ тавассути ин усул аз 50% то 90%-ро ташкил медиҳад.

3. Барои назорати сироятшавии кӯдакон санҷиши Манту гузаронида шавад.

4. Бо истифода аз микроскоп ташхис намудани балғам дар ҳама ҷо ба роҳ монда шавад.

5. Иқтидори беморхонаҳое, ки беморони сил бистарӣ карда мешаванд афзоиш дода шавад ва вазъи таъминоти онҳо бо таҷҳизоти лозима беҳтар карда шавад.

6. Ба беморони сил ва оилаи онҳо кӯмаки иҷтимоӣ кафолат дода шавад.

7. Дар саросари ҷумҳурӣ корҳои иттилоотию маърифатӣ фаъол карда шаванд.

8. Чораҳои назорати сироятӣ ва амнияти биологӣ барои паст намудани паҳншавии шакли мутобиқгаштаи бемории сил қавӣ гардонида шавад.

9. Беморони музмини сил, ки хатари сирояткунии атрофиёнро надоранд ва кор мекунанд, то давраи ба итмом расонидани табобат ва шифоёбӣ варақаи корношоямиро гиранд.

10. Дар маҳбасҳо ва муассисаҳои ислоҳотӣ ба ташхиси саривақтии бемории сил аҳамияти хоса дода шавад, ҳангоми бозгашти онҳо баъди адои ҷазо, давомнокии табобат дар муассисаҳои табобатии шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.

11. Бо назардошти дар асри XXI вазъи номусоиди эпидемиологии марбут ба паҳншавии бемориҳои ҳамрадиф – сил/БНМО, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байнисохтории муассисаҳои фтизиатрӣ ва марказҳои мубориза бо БНМО-ро дар самти ташхиси саривақтии бемории сил дар ашхоси мубталои БНМО ва баръакс, инчунин корҳои иттилоотию маърифатӣ дар байни беморони сил оид ба сирояти вируси норасоии масунияти одам тақвият дода шавад. Зеро аз 10 нафар маризи гирифтори бемории сил 1 нафар мубталои БНМО мебошад.

12. Ҳангоми ба кор қабул шудан шаҳрвандон аз муоинаи ҳатмии духтури силшинос  гузаранд.

13. Баҳри ба қадри кифоя омода намудани мутахассисони бахши фтизиатрӣ, беҳбуд бахшидани вазъи табобат ва пешгирии бемории сил аҳамияти хоса дода шавад.

Ин ҳадафҳо воқеӣ ҳастанд ва ноил гардидан ба онҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвари азизамон ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ баҳри солимии худ, дар радифи татбиқи шиори Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемории сил дар соли 2018 “Ба пешсафони дунёи бидуни сил ниёз дорем. Саҳми худро баҳри хотимаи бемории сил гузор!” мусоидат менамоянд.