Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) барои муайян кардани музди меҳнати миёнаи одамон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дар соли 2017 омори миллии кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ намуданд. Миёни 157 кишвари дунё Тоҷикистон бо музди меҳнати миёнаи 110 доллари ИМА зинаи 132-юмро ишғол намуд, хабар медиҳад Muhojir.news.tj.
Бино ба натиҷаҳои таҳқиқот, ба сегонаи маоши баландтарин Швейтсария - 3855 доллар, Норвегия - 3781 доллар ва Люксембург - 3565 доллар шомиланд. Бо маоши миёнаи 2100 доллар Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи 24-ум ҷойгир аст.
Миёни кишварҳои узви ИДМ маоши миёнаи баландтарин - 615 доллар дар Русия пардохта мешавад, ки дар мақоми 69-ум қарор дорад. Қазоқистон бо маоши миёнаи 480 доллар - зинаи 85, Ӯзбекистон бо маоши миёнаи 235 доллар - зинаи 118, Қирғизистон бо маоши миёнаи 220 доллар - мақоми 122 ва Тоҷикистон бо музди меҳнати миёнаи 110 доллар - зинаи 132-юмро ишғол кардаанд.
Дар мақоми охирини рейтинг Зимбабве қарор дорад, ки музди меҳнати миёна дар ин кишвар ҳамагӣ ба 21 доллар баробар аст. Ҳамчунин кишварҳои Конго, Малави ва Тимори Шарқӣ низ дар мақомҳои охири рейтинг ҷойгир шудаанд.





