Аз имрӯз, 10 июл нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят ба ивази 1 сомонии пешина 1 сомониву 30 дирам муқаррар шуд.
«Ба ҷуз Хуҷанд, дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва Конибодом низ нархи роҳкиро афзуд», - хабар дод сардори шуъбаи мусофиркашонии корхонаи «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ дар вилояти Суғд» Муродҷон Қодиров.
Бино ба қавли манбаъ, ин қарор ҳанӯз 18 июн зимни маҷлис бо иштироки муовини раиси вилоят Анвар Мақсудӣ, раиси Раёсати нақлиёти вилояти Суғд Ислом Авлиёев ва намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ қабул шуда буд.
«Сабаби болоравии нархи роҳкиро қиматшавии сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ аст. Бори охир нархи роҳкиро соли 2011 боло рафта, тӯли ин муддат сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ чандин маротиба гарон шуданд. Бо назардошти ин, арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ боло бурда шуд», - иброз дошт манбаъ.
Зимнан зикр шуд, ки нархи роҳкирои нақлиёт байни шаҳрҳо низ боло рафт, аз ҷумла Хуҷанд - Исфара 14 сомониву 20 дирам (қаблан - 13 сомонӣ), Хуҷанд - Конибодом 9 сомониву 10 дирам (қаблан - 7 сомонӣ), Хуҷанд - Ғафуров 2 сомониву 60 дирам (қаблан - 2 сомонӣ), Хуҷанд - Гулистон 3 сомониву 25 дирам (қаблан - 2 сомониву 50 дирам), Хуҷанд - Истаравшан 13 сомонӣ (қаблан - 9,25 сомонӣ).
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи корбарони шабака, ронандагон бар асари болоравии нархи гази моеъ ба кор намебароянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



