Бонки осиёгии рушд (БОР) грантро дар ҳаҷми 32 млн. доллар баҳри беҳбуд бахшидан ба хиҳматрасониҳои тандурустӣ дар се ноҳияи Тоҷикистон – Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин маъқул шуморид.
Арзиши умумии лоиҳа 35,2 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 3,2 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии БОР дар Душанбе.
Лоиҳаи беҳбуди солимии модару кӯдак ба ҳалли мушкилоти асосии бахши тандурустии Тоҷикистон, аз қабили маблағгузории нокофӣ, зербинои кӯҳнашуда, норасоии ҳайати тиббии касбӣ, бахусус дар деҳот кумак мекунад.
Дар доираи лоиҳа зербино ва таҷҳизот дар беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои солимии деҳот таҷдид шуда, ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва рафтор нисбати масоили солимӣ байни аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамчунин дастгирии талошҳои ҷумҳурӣ дар самти ташкил кардани низоми миллии идоракунии таҷҳизот пешбинӣ шудааст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 дар назар аст.
“Аҳолии солим барои рушду инкишофи Тоҷикистон бағоят муҳим аст, аммо барои ин хизматрасониҳои хушсифат ва дастрас дар соҳаи тандурустӣ заруранд, бахусус барои модарону кӯдакон”, - қайд кардааст сармутахассиси БОР оид ба тандурустӣ Роузел Лавадо.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ВВС США заявили об успешном проведении испытания гиперзвукового оружия
Экс-министра культуры Казахстана подозревают в хищении $335 тыс.
Вывоз людей с «Азовстали», расширение НАТО, недоговоренность по новым санкциям и угроза гуманитарного кризиса в Херсоне
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 мая 2022 года
Рахмон: «Таджикистан продолжит вносить лепту в обеспечение безопасности в регионах ОДКБ»
В Дусти для улучшения благосостояния населения открыли завод по производству хлопкового масла
После 30 лет работы McDonald's уходит с российского рынка
Сессии, мастер-классы, дискуссии и концерт Далера Назарова. В Душанбе завершился фестиваль Go Viral
«Нет улик»: Как в Таджикистане остаётся без наказания жестокость к животным
В Суворове осудили таджикистанцев за разбойные нападения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста