Охири моҳи март тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” мавриди амал қарор гирифтанд, ки бештар ба иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия дахл доранд.

Мувофиқи қоидаҳои нав, акнун ба қайд гузоштан ҳатмӣ набуда, бақайдгирӣ дар маҳалли будубош кофист. Ин ба иштирокчиёни барнома хеле сабукиҳо меорад, чунки дар ҷойи нав одамон бо душворӣ суроғаи қайдро пайдо мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, иштирокчиёни барнома бояд Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дошта, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикршударо дар минтақаи кӯчбастаи иштирокчиён ба расмият даровардан зарур аст.

Афзоиши русиягиҳо аз ҳисоби тоҷикистониён

Дар Тоҷикистон ба Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Масалан, соли гузашта Намояндагии ВКД Русия (оид ба масоили муҳоҷират) дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандӣ ва иқомати доимӣ дар Русияро доранд, 2,5 ҳазор ариза қабул намудаааст. Дар ҳамин ҳол, танҳо ба наздики 1,7 ҳазор нафар шаҳодатномаи иштирокчии барнома ва ҳуқуқи истифода аз он дода шудааст.

Бо назардошти аъзои оилаи иштирокчиёни барнома, ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кӯчбандӣ ба Русия иҷоза гирифтанд. Қариб 1,4 ҳазор оила (5,7 ҳазор нафар, - шарҳи “Азия-Плюс”) кӯч бастанд, соли гузашта беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи хати ВКД шаҳрвандӣ гирифтанд. Аммо ин танҳо тариқи хати ВКД аст; ҳамагӣ бошад, 35,7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд.

Барои муқоиса: соли 2017 – 29 ҳазор нафар ва соли 2012 – ҳамагӣ наздики 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳои Русияро дастрас карда буданд, яъне сол то сол шумори тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, зиёд мешавад, аз ҷумла ба туфайли Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия.

Гап сари он аст, ки ин барнома ба тоҷикистониён бештар барои он ҷолиб аст, ки ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиби соддашуда имкон медиҳад, яъне на барои кӯч бастан ба ин кишвар барои зисти доимӣ. Дар Тоҷикистон аз чунин таҷрибае зиёдтар кор гирифта мешавад, ки шаҳрвандон иштирокчии барнома шуда, ба Русия мераванд ва шаҳрвандии ин кишварро гирифта, сипас ба ватан бармегарданд ва зиндагиашонро дар ин ҷо идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия дар бораи душаҳрвандӣ созишнома дорад. Дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия, тоҷикистониён чизеро талаф надода, балки бештар манфиат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.