Маълум шуд, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 102186 нафар барои дар макотиби олӣ ва миёнаи махсус ба мизи донишҷӯйи нишастан имтиҳон месупоранд, вале ҳамоно чӣ хостану чӣ ҳол доштан ва чӣ гуна эҳсос доштани онҳо муаммост.

Имсол ҳам монанди панҷ соли охир шурӯъ аз 1-уми июл барои довталабони макотиби олӣ ва миёнаи махсус тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи имтиҳонсупорӣ оғоз гардид.

Тибқи маълумоти мавҷуда, соли 2019 шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ки аз 1 март то 30 апрели соли равон ҷараён дошт, 102186 нафарро ташкил дод. Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ бори нахуст қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба роҳ монда мешавад. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба 8712 нафар баробар аст.

Маълумотҳои дар боло овардаамон иттилооте ҳастанд, ки дар як қолаби махсус ва бо каме иловаву ихтисорот ҳар сол аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба довталабон ва алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин росто метавон гуфт, ки ҳама довталабон ва алоқамандон аз муҳимиятҳои мавҷуда бохабар ҳастанд ва фикр мекунем, ки дар ин самт мушкилие вуҷуд надорад.

Ва аммо дар кор ва ҷараёни унвони донишҷӯ гирифтани довталабон як қатор мушкилиҳо мавҷуданд, ки бартараф кардани онҳо аз фоида холӣ нест. Биёед як бор бо чашми одӣ назар мекунем. Бо чашме, ки бояд ҷаҳонро дурусту бехато менигарем. Бо чашме, ки некро неку бадро бад мегӯем.

Ҳоло довталаб кист? Бадбахтона, айни ҳол ҳар нафаре, ки 250 сомонӣ дорад, довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки аз хизмати ҳарбӣ гурехтан мехоҳад, довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки аз бекорӣ бахти худро ба воситаи 250 сомонӣ санҷидан мехоҳад, довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки бе ягон сабаб "просто" худро санҷидан мехоҳад, довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки чизе надонистанашро медонад ва донишҷӯ шудан барояш орзу ҳам нест, аммо довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки таваккалӣ ду ручкаи сиёҳи одӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро пас аз даводави андаке гирифта ба макони имтиҳонсупорӣ ворид мегардад, довталаб шуда метавонад. Айни ҳол ҳар нафаре, ки...

Акнун ин ҳама навъҳои довталабони имрӯзи донишгоҳу донишкадаҳоро ба довталабони чанд сол пеши макотиби олӣ муқоиса кунед. Фарқ фосилаи замину осмонро мемонад ва боз дар ҳоле, ки дар шароити кунунӣ ҳар чӣ бештар хондану донистан ва бодиққативу маърифатнокӣ аз насли нав тақозо карда мешавад.

Бо вуҷуди он ки солҳои охир дар миёни мактаббачагони мо ба машғулиятҳои иловагӣ (курсҳои омӯзишӣ) рафтан зиёд шудааст ва дар ин кор метавон саҳми ММТ-ро ҳам бориз дид, вале мутаассифона, дар ин баробар ҷумлаҳои "Имтиҳонҳо тестиянд, бисёр осон ҳастанд", "Ҳеҷ гап не, агар саволҳоро нафаҳмам ҳам, таваккал як вариантро интихоб мекунам", "Таваккал карда дар мизи имтиҳонсупорӣ мешинам, Худо хоҳад донишҷӯ мешавам", "Имтиҳонҳо тариқи тест ҳастанд ва ин маъноеро дорад, ки ҳар савол дар зераш, яъне бо доштани чанд ҷавоб "подсказка" доранд ва ин омил сабаб мешавад, ки мо донишҷӯ шавем"... тавлид шудаанд.

Ин ҷумлаҳо аз он дарак медиҳанд, ки сафи "неодовталабон" ниҳоят зиёд шудаасту онҳо баъди чанд моҳе "неодонишҷӯён" мешаванд ва боз бо гузашти 4-5 сол кишвар пур аз "неомутахассисон" мешавад. Нафаре, ки донишҷӯ шудан барояшон тамоман аҳамият надошт, имрӯз имкони донишҷӯ шудан дошта, мизу курсиеро, ки даҳҳо нафари дигар дар ҳасраташ ҳастанд, банд мекунад, ки ин бисёр аламовару дардовар аст.

Агар ҳамин тавр давом ёбад, чӣ мешавад?

Агар бо ҳамин минвол давом диҳем, албатта, бо сабабҳои болоӣ ҳолати кадрҳои ҷавон бисёр бад мешавад. Агар бо ҳамин минвол давом диҳем, мутахассис кам мебарояд. Зеро тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба факултаву бахшҳо тасодуфиҳо хеле зиёд роҳ ёфта, унвони донишҷӯро мегиранду пас аз чор соли дигар дипломро гирифта, намояндаи ин ё он соҳаву касб хоҳанд шуд.

Агар пеш вақт аз як гурӯҳи 20 нафара 15-18 донандаи касбаш мебаромад, ҳоло бошад ин шумора ба 5-7 расидааст. Агар бо ҳамин минвол давом диҳем, дилхунукии насли нав ва беқадрии мактаби олӣ меафзояд. Агар бо ҳамин минвол давом диҳем, сатҳи донишу саводнокии мутахассисони оянда бисёр поён меравад.

Чӣ бояд кард?

Ба фикри сирф фардии мо, нахуст бояд волидон бо фарзандони худ дар бораи ояндаашон маслиҳату машварати хуб ва ҳалкунанда анҷом диҳанд. Он маслиҳату машварате, ки "ман духтур ҳастам, ту ҳам духтур мешавӣ" ё "тағоят журналист аст, ту ҳам бояд журналист шавӣ" ва ё "ҳамсоя корманди БДА аст, зиндагияш бисёр хуб гузашта истодааст, биё ту ҳам аз  пайи вай рав" ҳастанд, аз буданашон дида набуданашон беҳтар аст. Балки хуб мешавад агар волидони муҳтарами мо ба интихоби ояндаи фарзандонашон ҳукм накунанд.

Талаботи сонӣ он аст, ки бо вуҷуди имкони интихоби 12 ихтисос дар дохили як, набояд мактаббачагони филологшав журналистикаро ё журналистшавандаҳо шарқшиносиро интихоб кунанд. Зеро новобаста ба ҳама наздикиҳо ва алоқамандиҳо, ин касбҳо аз ҳамдигар фарқ карда, самтҳояшон дигар аст. Мо дар ин ҷо ҳама ихтисосҳоро ном намебарем ва танҳо бояд донист, ки ба ҳамин монанд бояд тартибе ҷорӣ шавад, ки довталаб дар дохили як кластер не, балки дар дохили як соҳа касбашро интихоб намояд.

Бигзор мизу курсии макотиби олӣ холӣ монанд, бигзор буҷаи донишгоҳу донишкадаҳо пур нашавад, бигзор макотиби олии мо бо қарз рӯзашонро ба пагоҳ расонанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, ки ба хотири маблағи шартнома мо 4-5 соли як ҷавонро гирем ва ӯро намедонам ба кадом як ихтисосе донишҷӯ кунем, ки вай мақсаду мундариҷаи онро надонад.

Ва дигар, дар баробари имтиҳоноти тестӣ ва барои баъзе ихтисосҳо мавҷуд будани имтиҳони эҷодиву маҳорат, бояд санҷишҳои дигар ҳам барои муайян кардани дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ ва донистани техникаву технология ба роҳ монда шавад.

Боварӣ дорем, ки фардои мо нек ва дурахшон хоҳад буд.