Камшавии табиии шумори аҳолии Русия ҳадди ақал то соли 2023 идома меёбад. Дар ин бора дар дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Русия барои солҳои 2020-2022, ки ҳамроҳ бо лоиҳаи буҷети федералӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, сухан меравад.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, то соли 2023 ба афзоиши аҳолӣ танҳо зиёдшавии шумори муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард. Танҳо аз соли 2024 метавон ба афзоиши табии шумори аҳолӣ умед баст.

То соли 2024 шумори аҳолии Русия ба наздики 149 млн. нафар расида метавонад.

Охири моҳи декабри соли 2018 Идораи омори Русия хабар дода буд, ки дар ин кишвар бори нахуст тайи 10 сол шумори аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, бо сабаби камшавии аҳолиро ҷуброн карда натавонистани вуруди муҳоҷирон.

Моҳи апрели ҳамин сол муовини сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки дар ҳар кадом аз се минтақаи Русия аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 сатҳи маргу мир боло рафтааст. Ба гуфтаи Голикова, сатҳи камшавии аҳолӣ дар Русия аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 99,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ӯ қайд кард, ки тӯли 11 моҳи соли 2018 сатҳи маргу мир дар Русия 193 ҳазор аз таваллуд афзудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.