Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва бозгашти онҳо дар робита ба пайдошавии коронавирус дар чанде аз шаҳрҳои Эрон қатъ шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода хабар дод, бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Ироқу Кувайт ва Арманистону Озарбойҷон низ бо мақсади бехатарӣ иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кардаанд.

“Ба ширкати эронии Varesh Airlines ва ширкати ватании ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дастур додем, ки то ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвар, аз имрӯз парвозҳои дуҷонибаро боздоранд”, - гуфт вай.

Ӯ таъкид дошт, ки парвозҳо байни Эрону Тоҷикистон дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби ширкати Varesh Airlines бо хатсайрҳои Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон анҷом дода мешуданд.

Ба гуфтаи Набизода, “Тоҷик Эйр” низ барои парвоз ба Теҳрон иҷозатнома дошта, ин ширкати ватанӣ ҳам аз қарори мазкур огоҳ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Эрон то 43 кас расида, аз ин шумор 8 нафар фавтидаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории DW, эҳтимол вирус ба кишвар тавассути як сокини ҳалокшудаи шаҳри Қум, ки замони хуруҷи коронавирус ба Чин рафта буд, ворид шуда бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.