Мақомоти авиатсионии Русия ба зиёд кардани шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия барои ба ватан бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дод.
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор дошт, ки акнун ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта 14 парвоз (2-парвозӣ дар як рӯз) анҷом медиҳанд.
“Аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳам тариқи нақлиёти заминӣ ва ҳам ҳавоӣ), аз ҷумла 8 ҳазор нафар аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда, инчунин 207 ҷасади тоҷикистониён ба ватан интиқол дода шуд”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27 июл роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки Тоҷикистон ба барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия омода аст.
“Рӯзи дақиқи барқарор шудани он маълум нест. Ин масъала миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Росавиатсия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон доир ба омодагӣ ба роҳандозии хатсайрҳои байнулмилалӣ байни ду кишвар дархост фиристод. Дар поух ба номаи Росавиатсия Агентӣ низ омодагии худро ба боз кардани хатсайрҳо изҳор кард”, - хабар дод ба журналистон Субҳонзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо бо риояи тамоми талаботи санинтарӣ омода аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста