Имрӯзҳо мо ба истифодаи нуқтаҳои ройгони Wi-Fi дар марказҳои савдо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одат кардаем ва дигар зиндагии худро бе он тасаввур карда наметавонем. Аммо мо боре фикр накардаем, ки ин пайвастшавиҳо метавонад оқибатҳои нохуб ҳам дошта бошад. Пас аз пайвастшавӣ ба он қаллобон метавонанд ба маълумоти муҳими дастгоҳи Шумо дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин кор тавре ба роҳ монда шудааст, ки вақте  шумо ба нуқтаи Wi-Fi ройгони сохтаи қаллобон бо истифодаи ноутбук бо корти махсус ва антена сохтааст, ба ин васила онҳо метавонанд ба смартфони Шумо дастрасӣ пайдо мекунанд: саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, маълумотҳои бонкии онлайн, мукотиба, аксҳо ва ғайра. Онҳо қобилияти нигоҳ доштани тамоми додаҳоеро доранд, ки шумо тавассути Wi-Fi ройгон интиқол медиҳед.

Барои Шумо чанд маслиҳат дар бораи солим ва бехатар нигоҳ доштани худ ва дастгоҳатон пешниҳод менамоем:

Кӯшиш кунед, ки аз шабакаҳои оммавӣ, ки шумо намедонед, канорагирӣ кунед ва беҳтараш тамоман Wi-Fi -ро истифода набаред.

1. Агар ин имконнопазир бошад, пас сайтҳоро бо протоколи боэътимоди пайвастшавӣ https истифода баред (аммо на http).

2. Пайвасти худкори Wi-Fi -ро хомӯш кунед.

3. Дар смартфони худ антивирус насб кунед, ки бо ёрии он шумо дар бораи фаъолияти шубҳанок дар шабакаи бесим огоҳ мегиред.

4. Барномаи VPN -ро насб кунед. Ин пайвастшавӣ маҳалли ҷойгиршавӣ ва дастгоҳи шуморо рамзгузорӣ мекунад.

5. Барои хариди онлайн аз корти виртуалии пардохт истифода баред. Масалан, Tinkoff Bank кортҳои маҷозиро ройгон медиҳад (ин гуна хизматрасонӣ то ҳол дар Тоҷикистон дастрас нест, - идора).  Афзалияти чунин корт дар он аст, ки шумо метавонед маблағи заруриро, ки барои харид харҷ кардан мехоҳед, интиқол диҳед. Пас аз пардохти мол, корт дигар эътибор надорад ва қаллобон ба ҳисоби асосӣ дастрасӣ пайдо карда наметавонанд.

Бехатарии дастгоҳҳо ва шабакаҳои иҷтимоии худро фаромӯш накунед, зеро аз смартфони корбар гирифтани рамз кифоя аст, то аз ҳаёти ӯ чизҳои зиёдеро омӯзед ва маълумотро бо ниятҳои гуногун  истифода баред.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!