Давлатманд Хол, ҳунарманди шаҳир, овозхони мунҳасир ба фард ва фалаксарои маъруфи кишвар ин шабу рӯз ба синни 70 расид.  Ин ҳунарманд ҳарчанд тахассуси нахустинаш меъмор ё ба истилоҳ архитектор аст, аммо ба дунболи ҳунар рафт ва дар бунёди Кохи муҳташами фалаки Тоҷикистон нақши меҳварӣ гузошт.  Давлатманди Хол, ҳунарманде, ки ба гуфти Бозор Собир ҳар насли Тоҷикистон аз эшон “сина-сина хотира дорад” ба “Азия-Плюс” гуфт, “ҳарчанд ба синни 70 қадам ниҳода бошад ҳам, вале ҳушу ёдаш ба эҷод ҳаст ва то абад хоҳад монд”.

Имрӯз овозхон ва фалаксарои машҳури тоҷик, оҳангсози суннатӣ, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Давлатманди Хол ба синни 70 солагӣ қадам ниҳод. 

Худованд маро барои овозхонӣ офаридааст

 “Ба 70 солагӣ расиданамро ман медонам ва ба мухлисон шояд ин чандон муҳим набошад, чун онҳо ҳамеша интизори эҷоди нав андар нави ман ҳастанд. Ба синну сол нигоҳ накарда бояд барои ҷомеа эҷод кунам ва мухлисонро, каме ҳам бошад, бо ғизои маънавӣ хушнуд кунам. Худованд маро барои эҷод офаридааст, ки аз ин хеле розӣ ҳастам”.

Ҳунарманд мегӯяд, ҳарчанд бо сабаби бознишаста шудан раҳбарии  дастаи “Фалак”-ро бар дӯш надорад, вале дар Консерватория миллӣ ба шогирдон то ҳол дарси мусиқии “Фалак” меомӯзад.

“Аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба нафақа баромадам. Ман бояд 7 сол пеш ба нафақа мерафтам ва худам низ онро хоста будам, чун дигар хаста шудам. Ҳоло бояд ҷавонон кор кунанд, ки онҳо таҷрибаи хуб низ доранд. Бештар аз 15 сол мешавад, ки дар Консерватория ба шогирдон дарси мусиқии “Фалак” меомӯзам, бо хоҳиши роҳбари ин таълимгоҳ то ҳол дар ин даргоҳ ҳастам”, - мегӯяд ҳунарманд.

Меросбари ҳунари гузаштагон

Ӯ илова кард, ки гузаштагони онҳо ҳунарманд, китобдор, паҳлавон ва човандоз будаанд, ки ин ҳунарҳо аз насл ба насли онҳо гузашта истодаанд. Ва фарзандони ӯ низ ҳама аз ҳунари мусиқӣ огаҳӣ доранд ва навозандагони хуб ҳам ҳастанд.

Ҷавониҳои Давлатманди Хол

Лоиқшоҳ, яке аз писарони Давлатманд Хол пешаи падарро интихоб намуда, ба фалаксароӣ машғул аст. Ба гуфтаи Давлатманд, дар қатори шогирдонаш фарзандони хешро низ ба сурурдан тамрин медод. Чун аз кӯдаки ҳамеша падарро ҳамроҳӣ мекардааст.

Давлатман дар 13 солагӣ нахустин суруди худро сурудааст, ки мутаасифона дар сӯги падараш будааст. Баъдан ҳунарманд будани хонавода ва гузаштагонаш ӯро бар масири ҳунар бурд. Ошиқи ашъори Мавлонои Рум аст. Ҳатто мешавад, гуфт ки нуқтаи авҷи ҳунарии Давлатманди Хол мавлавихонии ӯ буд, ки ин бахши ҳунараш маҳдуд ба Тоҷикистон нашуд ва дар ҷуғрофиёи форсизабонон раҳ ёфт.  

Падар ва роҳбари сахтгир

Ин ҳунарманд мегӯяд, ки дар хона падари сахтгир ва дар ҷоий кор роҳбари сахтгир аст. “Ва ин сахтгирриҳо танҳо барои тарбияи дурусти маънавии фаразандону пешравии коргоҳ аст”.

“Дар ҷойи кор низ сахтгир будам. Бархе рафиқон бо ҳазл мегӯянд, ки “агар шумо корманди ягон ниҳодҳои интизомӣ мебудед, дари утоқи кории шуморо дар панҷ-шаш сол тақ-тақ кардан намешуд. Чун дар аввал нигоҳи тезу даҳшатнок доред”. Баъди ҳамсӯҳбат шудан мефаҳманд, ки фикри онҳо ғалат будааст”.

“Унвони халқӣ” дар мактаб-интернат

Ин фалаксарои шинохтаи тоҷик мегӯяд, таҳсил дар мактаб-интернтаи ноҳияи Шамсидин Шоҳин яке аз хотироти даврони бачагияш ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, чун ”унвони халқии интернат”-ро дар он ҷо соҳиб гардидаст.

“Хотирае, ки ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш кунам ин  таҳсил дар мактаб-интернат аст. Низом ва низомномаи хоси тарбиявии мактаб-интернат аз мактаби одӣ фарқ мекунад. Тарбияи интернат шахсро такон медиҳад, ки бояд аз шоҳроҳи кашидашудаи зиндагӣ берун набароед. Аввалин унвони ман дар интернат буд, ки директори он вақта Фаттоҳ Самадов ба ман ва Ҳақназар Ҳоҷаев “унвони халқии интернат”- ро доданд. Ҳамин омил аст, ки мо ба ин мартабаҳо расидем. Имрӯз ташаккур мегӯям аз омӯзгороне, ки ба ман илм омӯхтанд”.

Справка по теме

Давлатманди Хол 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад. Соли 1971 ба шубаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Сипас ба Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд. 20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов корҳои тадрису ҳунарро бо ҳам даромехтааст.

Оқои “Дур машав”, ки мусиқии чӯпониро ирфонӣ кард

Давлатманди Хол, дар олами форсзабонон низ бо фалакхонии хоси худ маъруфияти зиёде дорад. Ӯро дар Эрон ба унвони “Оқои дур машав” ҳам мешиносанд. Дур машав радифи яке аз ғазалҳои Мавлонои Балхӣ аст, ки ин ҳунарманд ошиқона мехонад: “Эй шуда ғарра дар ҷаҳон, дур машав, дур машав...”

Ин фалаксарои шинохтаи кишвар соҳиби 9 фарзанд ва хонаводаи босаодат аст. Давлатманди Хол яке аз мубаллиғони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик - Фалак маҳсуб мешавад. Ӯ ин мусиқии хоси тоҷиконро вориди як марҳилаи тозаи ҳунарӣ кард ва акунун бо коркардҳои ҳунармандоне чун Давлатманд фалак танҳо мусиқии кӯҳу пуштаҳо нест, балки мусиқии ирфониву тасаввуфиест, ки ҳаводорони бешуморе дар паҳнои олам дорад. Давлатманд ифтихори талоядории ин ҳунари ирфониро дар буландтарин саҳнаҳои ҳунариву мусиқии ҷаҳонӣ доштааст. Бо шаҳомате, ки аз фалак офаридааст, шаҳомати ҳунари тоҷиконро низ таъмин кардааст.

Ба бовари аксари муҳаққиқони арсаи мусиқӣ, Давлатманди Хол аз касонест, ки заҳниятҳои шаклгирифта дар бораи фалакро тағйир дод ва ин мусиқиро, ки бештар хоси чӯпону дашту пуштаҳо буд ба як мусиқии ирфониву тасавуфӣ табдил кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.