Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯйӣ мекунанд, ки зимистон имсола нисбат ба зимистони соли пешин хунуктар мешавад. Аллакай нимаи моҳи декабр сардиҳои 15-дараҷа пешбинӣ мешавад.
Поинравии ҳарорат аз даҳаи дуюми моҳи ноябр оғоз гардида, охири моҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳавои нисбатан хунуктар ҳукмфармо мегардад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 23 ноябр ҳавои ҳақиқии зимистона фаро расида, ҳафтаи аввали моҳи декабр хунукӣ андаке камтар мешавад.
Минбаъд то охири сол обуҳавои хунук пешгӯйӣ мешавад. Нимаи моҳи декабр шабона ҳарорати ҳаво то 15 дараҷа хунукӣ расида метавонад. Танҳо пеш аз фарорасии Соли нав - рӯзҳои 30-31 декабр ҳавои то 10 дараҷа гарм мешавад.
Лекин бо оғози моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикисон боз рӯ ба сардӣ меорад. Дар Душанбе гармии ҳадди ниҳоӣ ҳамагӣ то 5 дараҷа пешбинӣ мешавад. Тибқи пешгӯйиҳои дарозмуҳлат, танҳо охири моҳи феврал гармшавии обуҳаво дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки пешгӯйии дарозмуҳлати вазъи обуҳаво тахминӣ буда, тағйир ёфта метавонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста