Соати тахмин 15:30 дақиқа як ҷавондухтар худро аз болои пули назди бинои ҳукумати Суғд ба дарёи Сир партофтааст. Як манбаъ аз МЧС-и Хуҷанд ба "Азия-Плюс" гуфт, эҳтимолан ин духтар 20-сола аст ва хушбахтона издиҳоми одамон ӯро наҷот доданд. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки духтар ноболиғ будааст.

Манбаъ афзуд, ҳангоми аз болои пул ба дарё партофтан ҷавоне дар ҳол ба наҷоташ шитофта, аз дасташ доштааст. Шахсияти духтар ва сабаби ҳодиса ҳоло маълум нест. Баъди наҷотёбӣ ӯро кормандони ШКД бурдаанд.

Манбаи "Азия-Плюс" дар МЧС-и Хуҷанд гуфт, то рафтани онҳо издиҳоми одамон ӯро наҷот доданд ва ҳоло сабабу омилҳои қасди ба дарёи Сир партофтани духтарро меомӯзанд, ки худкушӣ буд ё ногаҳонӣ.

1/4