Дар ноҳияҳои Қубодиёну Ҷайҳун ва Фархор, инчунин шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара панҷ  маркази ҳамкории милитсия ва ҷомеа бёнёд шуд.

Марказҳои ҳамкорӣ аз ҷониби барномаи Ҳамкории милитсия ва ҷомеаи (ҲМҶ) Шӯъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) маблағгузорӣ ва аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ “Сейферворлд” бомувафақ бунёд шуданд.

МҲМҶ барои Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия ва ҷомеа (ГҲМҶ) иборат аз намояндагони ҷомеа ва кормандони милитсия, ки барои муайян ва ҳалли мушкилоти амнияти маҳаллӣ дар якҷоягӣ кор мекунанд, ҷой таъмин мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии намояндагии дипломатӣ.

Барномаи INL ба гуруҳҳои ҳамкорӣ принсипу амалияи ҲМҶ-ро омӯзонд. Акнун ГҲМҶ-ҳо тарзи муайяну арзёбӣ кардан ва афзалият додани ниёзҳои амнияти ҷомеаро омухтанд ва тавассути эътимод ва муколама бо истифода аз принсипу равишҳои ҲМҶ барои ҳалли муштараки масъалаҳои ҷомеа омода ҳастанд.

Аз соли 2016 ин ҷониб ташкилоти “Сейферворлд” тавассути барнома бо арзиши 6 500 000 доллари ИМА ба ВКД барои беҳтар намудани муносибат байни милитсия ва ҷомеа кӯмак расонд. Ташкилоти “Сейферворлд” дар ҳамкорӣ бо мақомот зиёда аз 3000 шаҳрванд, аз он ҷумла кормандони милитсия, дар бораи принсипу воситаҳои ҳамкории милитсия ва ҷомеъа, сулҳкорӣ, мусоидат ба муколама ва таҳлили муноқишаҳо таълим дод.

Ҳамчунин, ташкилоти “Сейферворлд” 37 гуруҳи ҳамкории милитсия ва ҷомеъаро ташкил ва дастгирӣ намуда, барои онҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгиршуда, Марказҳои ҳамкории ҷомеъавиро сохт. ГҲМҶ масъалаҳои бехатариро дар маҳалаҳои худ муайян карда, чорабиниҳо оид ба ҳалли онҳоро таҳия мекунанд.

Инчунин ташкилоти “Сейферворлд” барои баланд бардоштани қобилияти амалиётии Вазорати корҳои дохилӣ саҳм гузошт. Масалан, ВКД бо низоми телеконфронси баландсифат бо арзиши 430 000 доллари ИМА таъмин шуд, ки самаранокии Вазоратро дар мубориза бо ҷиноят баланд мебардорад. Ин низом ба алоқа бо зерсохторҳои минтақавӣ ва имконияти самаранок вокуниш кардан ба масъалаҳои бамиёномада имкон медиҳад.

Барномаи Ҳамкории милитсия ва ҷомеаи Сафорати ИМА соли 2010 оғоз ёфта, Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, ки иқтидори ВКД-ро барои хизмат ба мардуми Тоҷикистон мутобиқ ба риояи ҳуқуқи инсон беҳтар мекунад ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсияро зиёд мекунад. То ҳол Сафорати ИМА 37 ГҲМҶ-ро таъсис ва дастгирӣ намуда, 54 МҲМҶ-ро дар саросари кишвар сохту таҷдид кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.