Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ҳолатҳои зиёди риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи тақсиму истифодаи замин хабар дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин сабт мешавад.
Ориф Хоҷазода хабар дод, ки нимсолаи аввал аз ҷониби Кумита 6 ҳазору 686 ҳолати қоидавайронкунӣ дар қонунгузории замин ошкор шуда, аз рӯи 5 ҳазору 988 ҳолат санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Раиси Кумита инчунин гуфт, ки имрӯзҳо дар сафи кумита тозакунии кормандоне, ки дар фасод ва қаллобӣ бо замин даст доранд, идома дорад:
- қонуншиканон ба маблағи умумии наздики 2,9 млн сомонӣ ҷарима шуданд;
- дар мақомоти прокуратура 134 парванда боз шуд, ки номҳои 11 корманди кумита, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр шудааст;
- 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” аз мансабҳояшон барканор шуданд.
"Замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст, - гуфт Хоҷазода. - Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд».
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки “бархе аз раисои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот ба ҷойи монеъа шудан ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин, худашон қарорҳои ғайриқонунӣ содир намуда, инчунин ғайриқонунӣ ба аҳолӣ қитъаи замин ҷудо мекунанд”.
“Беназоратӣ дар масъалаи тақсимоти замин ба он оварда расонид, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои муташаккиле пайдо шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо шахсони масъул ба фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғуланд”, - изҳор дошта буд сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста