Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ)-и шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд. Он аз ҷониби кормандони дафтари тарроҳӣ (бюрои конструкторӣ)-и Академияи илмҳои кишвар таҳия шуд.

“Дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар пойгоҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт”, - изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Тоҷикистон комилан ба нишондиҳандаҳои меъёрии чунин навъи дастгоҳҳо ҷавобгӯ аст.

"Дастгоҳ бо нерӯи барқ ​​кор карда, вазнаш 5 кг ва дар ҷаҳон собиқа надорад", - иброз дошт Раҳимӣ.

Аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуши истеҳсоли Тоҷикистон аллакай дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Душанбе насб шуда, барои сабук кардани нафасгирии беморон истифода мешавад.

Раҳимӣ гуфт, ин дастгоҳ дар давоми як соли пас аз ихтироъ таҷдид шуда, ҳоло дар баробари нафасдиҳии сунъии шушҳо, метавонад сатҳи оксигенро дар хун ва инчунин ҳолати дили беморро муайян кунад.

Академик Раҳимӣ зикр кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад истеҳсоли силсилавии дастгоҳҳоро ба роҳ монад.

"Барои сохтани чунин дастгоҳи истеҳсоли Тоҷикистон, ба ворид кардани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа ниёз нахоҳад буд, зеро он пурра аз воситаҳои техникии дар худи кишвар истеҳсолшаванда васлу насб мешавад", - илова намуд Раҳимӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.