Роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе (“Рахш такси”, “Олу4а такси”, “1такси”, “Asian Express” ва ғайра) расман қиммат шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба “Азия плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, чанде рӯз пеш, ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.

- Нархҳои нав дар пасманзарӣ қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфтанд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Манбаъи мо, ҳамчунин, гуфт, ки чунин нархномаҳо он қадар муҳиме нестанд, ки расман тавассути ВАО эълон карда шавад, “вале ҳар расонае, ки ба мо муроҷиат мекунад, мо омодаем, иттилоъро диҳем”.

Рӯзи ҷумъаи гузашта “Азия плюс” аз нигаронии сокинони Душанбе аз болоравии арзиши роҳкирои таксиҳои фармоишӣ хабар дода буд. Вале ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣинро инро рад мекарданд.

Он замон ронандагон мегуфтанд, ки арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегуфтанд, ки ин масъала ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст.

Акнун, шурӯъ аз 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд Олим Очилзода дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки болоравии бесобиқаи нархи маводи сӯхт ба фаъолияти ширкатҳои мусофиркашонӣ таъсир расонида, то ин замон борҳо шуморе аз ронандаҳо дар бораи мушкили руйпуш карда натавонистани хароҷоти худ, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.

То ҳол танҳо нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қиммат нашудааст. Вале аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ин масъала ҳам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ба мо гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

- Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад, - гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 - 9,3 сомонӣ дар Душанбе. Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад.