Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳри Душанбе ба мавсими гармидиҳӣ пурра омода буда, дар иншоот ҳамаи корҳои таъмир ба охир расидааст ва барои МБГ-2 миқдори зарурии ангишт захира шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори МБГ Душанбе Умаралӣ Ниёзов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳоло барвақт аст, зеро тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, ояндаи наздик дар шаҳр обуҳавои гарм боқӣ мемонад.

“Дар мавсими имсолаи гармидиҳӣ ба 2 ҳазору 765 иншоот дар пойтахт гармӣ дода мешавад, ки дар муқоиса бо мавсими соли гузашта 254 иншоот зиёдтар аст”, - иброз дошт Ниёзов.

Қобили зикр аст, ки мавсими гармидиҳии соли гузашта охири даҳаи аввали моҳи октябр оғоз гардида, аввали моҳи апрел ба поён расид.

Ёдрас мекунем, ки ба иншооти Душанбе аз ду Маркази барқу гармидиҳӣ – МБГ Душанбе ва МБГ “Душанбе-2”, ки соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар баробари гармӣ инчунин то 9 млн кВт/соат барқ истеҳсол мекунад, гармӣ интиқол меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.