Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои гуногуни Қирғизистон таҳсил мекунанд, бо сабаби муносибатҳои сиёсии байни давлатҳо наметавонанд барои идомаи таҳсил вориди ин кишвар шаванд.

Беш аз 100 донишҷӯйи тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки тақрибан ду моҳ мешавад дар донишкадаҳои онҳо дарс оғоз гардида, илмомӯзон аз дигар давлатҳо таҳсил намуда истодаанд ва танҳо донишҷӯёни тоҷик тариқи онлайн бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Онҳо барои ҳалли масъала ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, то ба мушкилашон расидагӣ намоянд.

«Мо ба Вазорати маорифи кишварамон муроҷиат намудем. Онҳо омодаанд моро дар донишкадаҳои худамон қабул намоянд, вале як курс поён бояд таҳсил намоем. Барои мо хубтар аст дар ҳамон курси худ бихонем. Чун дар Тоҷикистон як соли дигар иловатан бояд таҳсил кунем», - мегӯянд онҳо.

Дар сафорати Қирғизистон ба ин донишҷӯён гуфтаанд, ки бояд ин мушкил ҳалли худро пайдо намояд, вале кай то ҳол маълум нест.

Пас аз як моҳи муноқишаи сарҳадӣ дар охири моҳи апрел мақомоти Қирғизистон марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст ва донишҷӯён натавонистанд вориди он кишвар шаванд.

Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, гарчанде омӯзгорону ҳамкасбонашон аз Қирғизистон онҳоро дастгрӣ мекунанд, вале онҳо наметавонанд муддати тӯлонӣ тариқи онлайн дарс бихонанд. Махсусан барои ин донишҷӯён, ки бештарашон дар факултаҳои тиббӣ таҳсил мекунанд.

Нигора, донишҷӯи курси 3-юми Донишгохи давлатии тиббии Ош мегӯяд ӯ ҳамчун табиби оянда бояд дар дарсҳои тарҷрибавӣ иштирок намояд, вале ба таври онлайн ин номумкин аст.

«Вазорати маорифи мо бояд шаҳрвандонамонро дастгирӣ намояд ва донишгоҳҳо моро дар ҳамон курсҳои таҳсил мекардаамон қабул намоянд. Як курс поён хондан барои мо фоидаовар нест», - мегӯяд ӯ.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 2080 донишҷӯйи тоҷик ва дар Тоҷикистон бошад 105 донишҷӯйи қирғиз таҳсил мекунанд. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол расман эълон накардаанд, ки чӣ қадар донишҷӯёни тоҷику қирғиз пас аз муноқишаи марзӣ таҳсилро тарк карда, ба ватан баргаштанд.

Дар Вазорати мориф ва илми кишвар ба «Азия-Плюс» гуфтанд аз ин мушкил огоҳанд ва барои қабули ин донишҷӯён ба донишгоҳҳои Тоҷикистон омодаанд.

“Донишҷӯён ба вазорат муроҷиат карда буданд ва ин масъала ба ҳар яки онҳо фаҳмонида шуд. Дар ҳақиқат, тибқи низомномаи Вазорати маориф онҳо агар таҳсили худро дар Тоҷикистон идома диҳанд, як курс поён таҳсил хоҳанд кард. Аммо бештари онҳо мехоҳанд таҳсилро дар Қирғизистон давом бидиҳанд», - гуфт Эҳсон Хушбахт, сухангӯйи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Ӯ таъкид кард, ки аз мушкили мазкур тамоми мақомотҳо огаҳ ҳастанд ва талош доранд ҳарчи зудтар ҳалли онро пайдо намояд, аммо «вақте кишвари ҳамсоя иҷозати ворид ва таҳсилро намедиҳад, онҳо коре карда наметавонанд».

Ҷониби Қирғизистон дар ин маврид расман изҳори назар накардааст.

Тавре Радиои “Озодӣ” моҳе қабл навишта буд, аз Вазорати маорифи Қирғизистон дар посухи расмие гуфтаанд, “тарҳи қарореро дар бораи имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар омода кардаанд ва он барои мувофиқа ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон фиристода шудааст”.