Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода фарзияи худро дар бораи заҳролудшавии одамон аз мурғи бирён ё худ “грил”-ро  дар яке аз бозорҳои бузурги Хуҷанд баён кард. Маълум шуд, ки сари худи мурғ тамоман сухан намеравад.

“Гап сари равған аст. Ошпаз мурғро чандин маротиба дар як равған бирён мекард, ки пас аз истифодаи такрории равған он зараровартар мешавад. Дар натиҷаи ҳамин равған ба заҳролудшавии одамон боис гардид”, - изҳор дошт вай имрӯз, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки бар асари истеъмоли мурғи бирёншуда (грил) дар яке аз бозорҳои Хуҷанд зиёда аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо нафарашон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ду фурӯшандаи нуқтаи фурӯши ин маҳсулот парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Файзуллозода зикр кард, ки кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ доимо маҳсулотро аз лиҳози бехатарӣ ва сифат месанҷанд.

Чунин санҷишҳо байни занони деҳот, ки маҳсулоти шириро дар маҳаллаҳои пойтахт мефурӯшанд, низ гузаронида мешавад.

“Маҳсулоти онҳо бехатар аст. Ягона қонуншикании онҳо - чандин маротиба истифода бурдани зарфҳои фурӯши шир мебошад”, - гуфт Файзуллозода.

Зимнан зикр шуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Кумита якчанд тонна маҳсулоти пастсифат ва барои саломатӣ зараровар ошкор шуд: 61,7 тонна гӯшт, 16,6 тонна маҳсулоти ширӣ, 1,8 тонна равғани растанӣ, 25 ҳазор дона тухм, 853 кило маҳсулоти моҳӣ, 607 кило асал, 7,5 тонна хушкмева, 4,3 тонна намак, 173 тонна сабзавоту полезӣ ва мева.

“Ҳамаи ин маҳсулоти пастсифату зараровар нобуд карда шуд”, - илова намуд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.