Субҳи имрӯз, 11 март “Росавиатсия” дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба бемории коронавирус зимни парвозҳои ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар ҷорӣ гардида буд, дар як қатор давлатҳо хабар дод. Дар байни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст.
- “Росавиатсия” дар бораи лағви маҳдудиятҳое, ки бар асари коронавирус дар парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Эрон ҷорӣ шуда буданд, эълон кард, - менависанд расонаҳои русӣ.
Ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтааст, ки кадом маҳдудиятҳо лағв карда шуд.
Дар ҳамин ҳол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо аз ҷониби Русия дархости расмӣ қабул накардаанд ва ҳамин тариқ, маълум нест ки ин маҳдудитяҳо чиро дар бар мегирад.
- Дар ҳолати расман қабул намудани дархост дар мавриди лағви маҳдудиятҳо маълум мегардад, ки кадом махдудиятҳо бардошта мешаванд. Ҳоло мо расман аз ҷониби Русия дархост қабул накардаем, аз ин рӯ дар бораи маҳдудиятҳо чизе гуфт наметавонем, - гуфт дар суҳбат бо “Азия – Плюс”Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
В чём секрет китаянок, которые в 50 выглядят на 30?
Таджикистанец получил в Узбекистане 3,5 года тюрьмы за угон автомобиля в нетрезвом состоянии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста