Рӯзи 3 апрел ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси “Pfizer-BioNTech” оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 вояи ин навъи ваксина ворид гардид.

“Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксинзании аҳолӣ аз сирояти коронавирус идома дорад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд.

Тибқи маълумоти сомонаи covidtj,  ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.

Аз оғози пандемия тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 17 феврал шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон - 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муовимат бо коронавируси ҷумҳурӣ аз 7 март, ниқобпӯшии ҳатмӣ бекор карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.