Ҳашт донишгоҳи бонуфузи олам ба хонандаи мактабе дар вилояти Суғд таҳсили ройгон пешниҳод кардаанд. Мақомот аз ӯ Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати Хуҷанд ном бурда мегӯяд, ӯ соҳиби шоҳҷоиза-гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 млн доллари амрикоӣ гардида имкони таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳҳои бонуфизи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ Алишер Қосимов соли ҷорӣ дар чанд озмуни донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария иштирок карда, соҳиби шоҳҷоиза ва роҳхат ба ҳашт донишгоҳро ба даст овардааст.
“Бо ирсоли мактуби расмӣ донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария омодагии худро барои қабули ин хонандаи тоҷик тариқи буҷҷавӣ эълом кардаанд. Маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд”. –гуфт, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.
Ин донишгоҳҳо ба радифи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда ба гуфтаи мақомот панҷ соли омӯзиш дар онҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллар арзиш дорад.
Моҳи декабри соли гузашта низ се хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд баъди иштирок ва пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд соҳиби 220 ҳазор доллари амрикоӣ шуда буданд. Ин гранти омӯзиширо хонандагон Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев соҳиб шуданд, ки имкони таҳсил дар Донишгоҳи Амрикои Шимолиро ба руяшон боз кард.
Давоми 8 моҳи ахир хонандагони ин Литсей дар беш аз 13 олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, 356 медали тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста