Дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузоштанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Шаҳира Юлдошева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати Исфара хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарори номгузорӣ шудани объектҳои ҷуғрофӣ ва физикӣ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ ва собиқадорони меҳнат дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара рӯзи 13-уми июн қабул шудааст.
Дар қарор зикр шудааст, ки “онҳо манфиати ҷамъияту ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар, манзилу маҳал ва деҳаи худ ҷонашонро нисор кардаанд”.
Дар асоси ин қарор, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара бо дархости сокинон ба номи Абдулатиф Шарипов, ронандаи “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи марказии Исфара, ки дар муноқишаи марзӣ, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ кушта шуд, гузошта шудааст.
Дар ҷамоати Чоркӯҳ низ ба хотири абадӣ гардонидани номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ номи як қатор кӯчаҳо иваз карда шудаанд.
“Аз ҷумла як қисми кӯчаи Навободи поён ба номи Ҳикматулло Махкамов, қисми дигари кӯчаи мазкур ба номи Иброҳим Ҳошимзода, кӯчаи Масҷиди миёна ба номи Ҳасанхон Шаропов, кӯчаи Лангари Бӯстон ба номи Собир Ваҳҳобов, кӯчаи Лангари Хайробод ба номи Манучеҳр Қаландаров, як қисми кӯчаи ба номи Ибод Файзуллоев ба номи Ҳакимбой Ниёзов, кӯчаи Чакалак ба номи Далер Эшонов, кӯчаи Сомониён ба номи Нусратулло Набиев гузошта шуд”, - илова кард Юлдошева.
Аз ин шумора 8 нафарашон сокинони ҷамоати Чоркӯҳ мебошанд, ки дар муноқишаи хунини охири моҳи апрели соли 2021 дар марзи миёни Исфара ва Қирғизистон кушта шудаанд.
Ҳамчунин бо назардошти хизматҳои бисёрсолаю бенуқсон, саҳми арзанда дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, кӯчаи “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти Ворух ба номи корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Абдусамад Шомирсаидов иваз карда шудааст. Номи собиқадори меҳнат, марҳум Бобосӯфӣ Давлатов, ки дар обод намудани мавзеи Кехи ҷамоати Ворух, бунёди роҳу иншоотҳои маишӣ саҳми арзанда гузоштааст, ба яке аз кӯчаҳои маҳаллаи навбунёди мавзеи Кех гузошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Абдумуталлиб Шарифов, рӯзноманигори маҳаллӣ ва раиси бахши Иттифоқи журналистони шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки яке аз кӯчаҳои ҷамоати Ворух ба номи рӯзноманигор ва сухангӯи раиси шаҳр - марҳум Иқбол Тешаев номгузорӣ шавад.
“Ба хотири гиромидошти хотираи рӯзноманигор ин пешниҳодро додем ва Комиссияи номгузорӣ дастгирӣ кард. Ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва шояд дар иҷлосияҳои минбаъда номгузори шудани кӯчае дар ҷамоати Ворух ба номи Иқбол Тешаев баррасӣ шавад”, - қайд кард Шарифов.





«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста