Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳамарӯза дар бораи афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 хабар дода шуда, дар мавриди пешгирии паҳншавии он тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ин ниҳод хабар доданд, вазъият зери назорат буда, барои пешгириву паҳншавии он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои бемории коронавирус хабар дода, дар ҳамин ҳол, менависанд, ки ҳарчанд дар одамон тамоми аломатҳои гирифторӣ ба беморӣ ба мушоҳида расад ҳам, онҳо ба бемористон муроҷиат намекунанд.
Дар Вазорати тандурустӣ ин маълумотро овозае беш намедонанд ва мегӯянд, ин хабарҳо ҳеҷ асос воқеӣ надорад. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ба муассисаи тиббии маҳалли зист муроҷиат кунанд.
“Агар шахс бемор бошаду ба беморхона муроҷиат накунад ва тест насупорад, Вазорат ҳолатҳои сироятро ба қайд гирифта наметавонад. Аз ин рӯ, Вазорат аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ба беморхонаҳо муроҷиат намоянд. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, дар муассисаҳои тиббии маҳалли зисташон аз ваксинзанӣ гузаранд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Қаблан дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад. Мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина гирифтан зидди коронавирусро дошта бошанд.
“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар - ба дармонгоҳи макони будубош/иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.
Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?
Қазоқистон
Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1 ҳазору 450 ҳолати нави сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ки kt.kz хабар медиҳад, аксарияти сироятёфтагон дар шаҳрҳои Алмато (589 нафар) ва Нурсултон (502 нафар) сабт шудааст.
Аз лиҳози арёбии вазъи эпидемиологӣ аз 7 июл Алмато ба минтақаи “зард” шомил гардида, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз ваксинзанӣ гузаранд ё дубора ваксина гиранд.
Ӯзбекистон
Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 61 ҳолати нави сироят аз коронавирус бақайд гирифта шудааст.
Беморӣ аз ҳама бештар дар Тошканд (13 ҳолат) ва вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд ва Хоразм (5-ҳолатӣ) ошкор шудааст.
Тавре ки coronavirus-control.ru хабар медиҳад, айни замон 1 ҳазору 485 нафар сироятёфтагон аз COVID-19 дар бемористонҳо табобат мегиранд.
Қирғизистон
То 19 июл дар ин кишвар 200 ҳазору 993 ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шабонарӯзи ахир шумори сироятёфтагон тағйир наёфтааст, ҳарчанд ҳафтаҳои гузашта аз 84 то 94 ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавиорус сабт мешуд.
Тавре ки kaktus.media хабар медиҳад, то ба имрӯз ваксинаҳои AstraZeneca, "Спутник-Лайт", Moderna ба охир расида, лекин хоҳишмандон дар бунгоҳҳои муваққатии эмкунӣ ваксинаи SinoPfarm гирифта метавонанд.
Дар ҷаҳон
Бино ба маълумоти саҳифаи мониторингии Worldometers, то 17 июл шумори фавтидагон дар ҷаҳон аз сирояти коронавирус 6 млн 387 ҳазору 753 нафарро ташкил медиҳад (теъдоди фавтидагон дар 1 шабонарӯз 690 нафар афзудааст).
Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 22,5 млн нафар аз COVID-19 сироят ёфта, шумори умумии сироятёфтагон ҳудуди 568 млн нафарро ташкил медиҳад. То ин дам ҳудуди 539 млн нафар сироятгирифтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
HONOR представляет совершенно новый HONOR X9c
Топ-7 самых экспортируемых фруктов Таджикистана в 2024 году
Слепое пятно. Трампу посоветовали обратить внимание на страны Центральной Азии
Жителя Душанбе задержали по подозрению в убийстве из-за ссоры в соцсетях
Румыния и Болгария с 1 января 2025 года полностью войдут с Шенгенскую зону
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 декабря 2024 года
Таджикские IT-таланты. Как наши соотечественники покоряют зарубежные платформы
«Репортеры без границ»: в 2024 году в мире погибли 54 журналиста
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста