Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз аввали моҳи август парвозҳоро дар масири Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд оғоз мекунад. Дар ин бора дар хабарномаи матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки аввалин парвоз аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ва бозгашт рӯзи 1 август дар назар аст. Парвозҳои минбаъда рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар хатсайрҳои "Хуҷанд - Сургут - Хуҷанд", "Душанбе - Самара - Душанбе", "Душанбе - Екатеринбург - Душанбе", "Душанбе - Новосибирск - Душанбе" ва "Душанбе — Мюнхен — Душанбе" то ду маротиба дар як ҳафта афзоиш медиҳад.

Аз ҷумла, ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" парвозро аз Хуҷанд ба Сургут аз 1 август оғоз намуда, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе парвоз хоҳанд кард.

Аз 2 август бошад парвозҳо аз Душанбе ба Самара оғоз гардида,  онҳо рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд.

Ширкати ҳавопаймоӣ аз 5 август рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе парвозҳоро аз Душанбе ба Екатеринбург анҷом медиҳад. Ва аз Душанбе ба Новосибирск — аз 6 август — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.

Аз нимаи дуюми моҳи август аз шаҳри Душанбе ба Мюнхен рӯзҳои душанбе ва ҷумъа парвоз кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, аз 3 август ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро дар хатсайри "Хуҷанд - Новосибирск - Хуҷанд" ва аз 4 август дар хатсайрҳои "Душанбе - Қазон - Душанбе" ва "Душанбе - Маскав (Жуковский) - Душанбе" аз сар мегирад.

Бояд гуфт, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе анҷом дода шуда, парвозҳо ба фурудгоҳи Қазон ва Жуковский бошад - ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ монда мешавад.

Маълумоти муфассалро метавонед аз маркази тамоси ширкати ҳавопаймоӣ ва офисҳои фурӯш дастрас кунед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.