Имрӯз, 30 август дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс қомат афрохт. Дар ин бора рӯзномаи маҳалии “Овози Самарқанд” хабар медиҳад.
Манбаъ бо нашри аксҳо аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод Рӯдакӣ навиштааст, ки дар ин маросим ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва роҳбарону фаъолони вилоят иштирок доштанд.
Барафрохтани ҳайкали Абдӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Самарқанд дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон, як зумра шахсиятҳои фарҳангу адаби Самарқанд аз баркандани ҳайкали Рӯдакӣ дар Самарқанд ва дар зери партобҳо хобида будани он нигаронӣ карда, аз роҳбарияти ин кишвар дархост карда буданд, ки муҷассамаи Рӯдакӣ дар Самарқанд дубора барқарор шавад.
Аз ҷумла, Амина Шарофиддинова, рӯзноманигор ва адиби тоҷики муқими Самарқанд бо нашри як мақола дар рӯзномаи "Ховар" (31.01.2022, саҳ.2-3) таҳти унвони “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад” нигаронӣ карда буд, ки ҳайкали Рӯдакиро, ки 13 сол пеш канда буданд, дар зери партобҳо бо як пойи канда ва сарозер хобида пайдо кард.

“Моҳе қабл тасодуфи ногаҳоние рух дод. Моро бахте даст доду пинҳонӣ вориди ҷое шудем ва бар натиҷаи кофтукови ҳарисона аз ҷои ғайричашдошт — зери партовҳо ҳайкали Одамушшуарои бо як пойи канда сарозер хобидаро пайдо кардему ҳуш аз сар парид, муддате худ карахту ҳайкал шудем ва дуд аз фиғонҳо баромад. Беихтиёр об бар чашм гирифта, мисраи “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”-ро ба забон гирифтем”, - нигаронӣ карда буд Шарофитдинова.
Ӯ ҳамчунин, бо ирсоли номае аз Шавкат Мирзиеёв, раисҷмуҳури Ӯзбекистон хоҳиш намуда буд, ки баҳри боз ҳам мустаҳкамтар гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳайкали Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дубора барқарор карда шавад.
Ин навишта, миёни аҳли фарҳангу адаби Тоҷикистону Ӯзбекистон вакуниши тундро ба бор овард ва бисёриҳо дар чунин вазъ гирифтор шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Дере нагузашта ба мақолаи Амина Шарофитдинова маъмурияти Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд вокуниш кард. Дар вокуниши онҳо зикр мешуд, ки бо ташаббуси ҳокими вилоят ва ҳокими шаҳри Самарқанд дар кӯчаи ба номи Устод Рӯдакӣ майдоне ҷудо гардида, дар он ҷо муҷассамаи нави Одамушшуаро гузошта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки муҷассамаи нави Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ нисбати нимпайкара ва муҷассамаи деринааш мазмунан ва шаклан пурмӯҳтавотар, зеботар ва бузургтар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 22-юми марти соли 1996 пайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар майдони Регистони Самарқанд қад афрохта, парда аз рӯяш бардошта шуда буд. Вале соли 2009 онро бо сабаби бозсозӣ канданду ҳоло ҷои он пайкараи Ислом Каримов қомат афрохтааст. Ҳоло муҷассамаи нави Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ, ки дар чорроҳои он боғ ҳам бунёд шудааст, гузоштанд.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста