Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни як “рейд”-и ногаҳонӣ дар мактаби №41-и ноҳияи Файзобод норасоии компютерҳо, то ҳол истифодаи шудани компютерҳои насли куҳнаи “Pentium-1” ва “Pentium-2”, баргузор нашудани дарсҳои амалии фанни технологияи иттилоотӣ дар пайи “лимит”-и барқ ва норасоии китобҳои дарсиро ошкор кардааст.
Маркази матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад, ки дирӯз, 27-уми октябр, вазири маориф бидуни огоҳӣ ба мактаби мазкур рафт ва аз ҳолати кунунии он дидан намуд. Вазир аз давомоти хонандагон, ҳолати рӯзномадорӣ, қайди журналҳои синфӣ, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, дастрасии луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи мактаб қаноатманд гардида, ҳамчунин, чанд камбудиро ошкор кардааст.

Норасоии компютерҳо ва то ҳол истифода шудани компютерҳои насли куҳнаи Pentium-1 ва Pentium-2, бо сабаби набудани қувваи барқ баргузор нашудани дарсҳои амалии фанни технологияи иттилоотӣ ва кифоя набудани рушноӣ дар синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷониби омӯзгори ғайриихтисос дарс гуфтани фанни технологияи иттилоотӣ аз ҷумлаи камбудиҳое будааст, ки вазири маориф ва илм ислоҳи ҳарчи зуди онро талаб кардааст.
Ҳамчунин, вазири маориф аз норасоии баъзе аз китобҳои дарсӣ нигаронӣ карда, ҷиҳати ислоҳи он ба роҳбарияти муассиса, мудири шуъбаи маориф ва намояндаи ҳукумати ноҳия дастуру супоришҳо додааст.

Раҳим Саидзода аз хонандагон даъват карда, ки ҷиҳати омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, омодагии ҳамаҷониба барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷо овардани эҳтироми омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ӯ ҳамчунин, ба муаллимон суҳбат карда, гуфтааст, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд пеш низ вазири маориф ва илм ба як кӯдакистон ва мактаби ноҳияи Фирдавсӣ дидан карда, камбудиҳои ҷиддиро ошкор ва барои ислоҳи он вақт дод. Вале бо гузашти чанд рӯз, муовини вазири маориф ва илм аз ин кӯдакистон дидан кард ва маълум шуд, ки камбудиҳо бартараф нашуданд. Дар натиҷа, мудири кӯдкистон аз вазифа озод ва директори мактаб ба кори дигар таъйин шуд.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста