Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 зиёда аз 870,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда, тибқи иттилои Агентӣ, 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (526,7 ҳазор) аст.
Аз 870,7 ҳазор нафари зикршуда, зиёда аз 685,3 ҳазор нафарашон ба сифати сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Нишондиҳанда дар як сол 3,7 баробар зиёд шудааст.
Дар ин давра аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар таносуби шумора маълумот тариқи зайл аст:
- 575,1 ҳазор ӯзбекистониҳо (66% аз шумори умумӣ);
- 225 ҳазор русиягиҳо (25,8%);
- 18 ҳазор қазоқистониҳо (2,1%).
Ғайр аз ин, аз оғози соли равон 5,4 ҳазор шаҳрвандони ИМА (0,6%), 5,2 ҳазор шаҳрвандони Туркия (0,6%), 3,5 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон (0,4%), 2,5 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон (0,3%) ва дигар кишварҳо низ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.





Таджикистан демонстрирует свой туристический потенциал на MITT-2026 в Москве
Moody’s повысило рейтинг Эсхата Банка. Это больше, чем просто цифры
Минтранс Таджикистана призвал к повышенной готовности из-за сложных погодных условий
Переход на 12-летнее обучение в Таджикистане выявил проблему: школам не хватает 180 тысяч мест
В Ормузском проливе атакованы три гражданских судна. Совбез ООН призвал Иран прекратить удары по третьим странам
Таджикские спортсмены вошли в топ-10 самых зрелищных бойцов ACA
Десятки тысяч детей и подростков в Таджикистане страдают от ожирения — World Obesity Atlas
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 марта 2026 года
Сомони под давлением: как изменились курсы валют после начала войны в Иране
В Таджикистане сменился детский омбудсмен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста